Силсилачорабиниҳо ба ифтихори санаҳои муқаддасу гиромӣ
Ба муносибати Рӯзи Президент, солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон яқ қатор чорабиниҳои гуногун аз қабили мизҳои мудаввару семинар чорабиниҳои тарбиявиву конфронсҳои илмӣ ва дарсҳои кушоди тарбиявӣ баргузор гардиданд.
Дар ҳама кафедраву факултетҳои донишгоҳ зимни баргузории чорабиниҳо устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар мавзӯҳои “Пешвои мо-ифтихори мо”, “Иҷлосияи тақдирсози мллат”, “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-кафили сулҳу субот ва рушди дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол”, “Пешвои мо-саодату ифтихори мо”, “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиќлолияти давлатӣ”, “Пешвои миллат-сармеъмори сулҳи тоҷикон”, “Пешвои миллат-эҳёгари фарҳанг, таърих ва тамаддуни тоҷикон” ва монанди инҳо маърӯзаҳо ироа карданд.
Инчунин дар баъзе чорабиниҳо барои донишҷӯён ва иштирокчиён кору фаъолияти мондагори Сарвари давлат тавассути навор намоиш дода шуд. Донишҷӯён бо қироати шеъру гуфторҳои ватандӯстона пайравони асили Пешвои миллат будани хешро нишон доданд.
Намоиши китобу асарҳои Пешвои миллат низ зимни баргузории чорабиниҳо роҳандозӣ карда шуд.
Зимни баргузории чорабиниҳо иброз гардид, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурахшонтарин чеҳрае мебошанд, ки рисолати сиёсатмадорӣ дар саропои фитраташон бо шукӯҳи тамом таҷаллӣ ёфтааст. Пешвои миллат нахустин тоҷике дар таърихи навин мебошанд, ки дар маснади муаззами роҳбарӣ паёмҳои миллии моро дар паҳнои ҷаҳон интишор дода, ба рағми тоҷикситезиҳою нозукбиниҳо бо хираду ҷасорати камназир Тоҷикистонро бо ҳама сармояҳои бузурги фарҳангӣ ва тавонмандиҳои кунуниаш, дар бунёди давлати миллии демократӣ ва анҷумани давлатҳои дунё аз мақоми арҷманде бархурдор намудаанд. Аз иштирокчиён, махсусан донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки ба кору пайкори ин абармарди арсаи сиёсат ба таври ҳамешагӣ пайравӣ намоянд
Ҳадафи баргузории чорабиниҳои зикршуда бахшида ба санаҳои муқаддасу гиромӣ, аз гузашта сабақ гирифта, таҳти сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи нав қадамҳои устувор ниҳодан ва ба хизматҳои шабонарӯзии эшон арҷ гузоштан маънидод гардид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа




















