Чаро Кабирӣ худ ба истеъфо намеравад?
Рўзҳои охир дар сомонаи Паём.нет, ки пойгоҳи хабарии мухолифони тоҷик мебошад матлабе дар мавриди фарҳанги истеъфо ба нашр расид. Муаллифони ин навишта баҳонаи ба истеъфо рафтани раиси ҷумҳури Қирғизистонро пеш оварда, кўшиш намудаанд, ки ба низоми идории кишвари мо фарҳанги истеъфоро «биомўзанд».
Дар воқеъ дар ҷомеашиносии имрўза ва дар ҷаҳони мутамаддин фарҳанги ба истеъфо рафтан яке аз талабҳои муҳимми ҷомеаи мардумсолор ва дорои ҳисси баланди масъулиятшиносӣ эътироф шудааст. Ба андешаи мо фарҳанги ба истеъфо рафтан набояд танҳо хоси сиёсатмадорон бошад, балки зарур мешуморем, ба ҳар як шахсияте, ки дар иҷрои як вазифаи муҳимми давлативу ҷамъиятӣ масъулият дорад ва ба гунаи лозим аз ўҳдаи иҷрои он намебарояд нисбат дошта бошад. Ягон нафаре новобаста аз мавқеи сиёсӣ ва идеологияш ин ҷиҳатро рад карда наметавонад. Аммо паҳлўи муҳимми масъала дар он аст, ки матни ба истеъфо рафтан кадом аст? Оё мумкин аст, як нафаре бо доштани таҷриба, зарфият ва дониши зарурӣ дар заминаи талаби дигарон ба истеъфо биравад ва майдонро ба касоне вогузор намояд, ки шояд малакаи зарурии иҷрои корро надошта бошанд? Аз ин рў, пеш аз оне ки мо дар мавриди фарҳанги истеъфо сухан меронем, албатта матни эълони онро низ ба назар бигирем.
Дар мавриди истеъфои раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков, ки ҳамчун намунаи фарҳанги истеъфо таърифу тавсиф шудааст зарур мешуморем то ба матни эълони он таваҷҷуҳ карда шавад. Эълони истеъфо аз ҷониби ў танҳо ба мавқеи аз даст рафтааш вобаста буд ва на аз фарҳанги истеъфо, ки дар навишта аз он таъриф мешавад. Ба истеъфо рафтан барои ў танҳо як механизми мувофиқи вогузории салоҳиятҳо ва бообруву боэътибор рафтан аз қудрат буд.
Як ҷиҳатро ба инобат гирифтан зарур аст, ки истеъфои сиёсӣ на ҳамеша барои як ҷомеа рушду инкишоф ва беҳбудӣ мебахшад. Даҳсолаҳои охир мо чунин намунаҳои истеъфоро доштем, ки ба миллати мо ба ҷуз мушкилот ва вазъи бўҳронӣ чизе ба армуғон наоварда буд. Ба ёд оред, ки истеъфои шодравон Қаҳҳор Махкамов барои равандҳои сиёсии ҷомеаи мо чи мушкилотҳоеро ба бор оварда буд. Нафаре, ки таҷрибаи бойи сиёсӣ дошт, аз иқтисодиёт ва лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ хуб бохабар буд водор ба он карда шуд то ба истеъфо равад. Албатта, ин як хатои бузурги давраи гузаришӣ дар ҷомеаи мо буд, ки баъдтар мо онро дарк намудем, аммо фурсатҳо дигар аз даст рафта буданд. Ё худ истеъфои маҷбурии Президенти собиқи Тоҷикистон шодравон Раҳмон Набиев, ки зери фишори нерўҳои мухолифин ба анҷом пазируфт, чӣ паёмадҳои мудҳишбореро барои ҷомеаи мо ба бор овард. Шояд ба истеъфо маҷбур насохтани ин ду шахсият метавонист низои сиёсӣ ва бўҳрони ҳамаҷонибаи кишвари моро пешгирӣ намояд. Шояд рад намудани рафтан ба истеъфо аз ҷониби онҳо ба ҷомеаи дар ҳоли гузариш қарордоштаи мо бештар нафъ мерасонид. Аз ин рў, ба истеъфо рафтан ва талаби истеъфо низ матни мувофиқ ва муносиберо металабад. Бо ҳар баҳонае истеъфо хостан аз хирад ва маърифати дурусти сиёсӣ нест ва нахоҳад буд.
Нуктаи дигари баҳс дар мавриди фарҳанги истеъфо ба худи нерўҳои имрўзаи мухолиф дахл дорад. Онҳоро зарур аст, он чизеро талаб намоянд, ки худ дошта бошанд. Нерўҳои мухолиф ва аъзоёни дар хориҷ қарордоштаи ТЭТ ҲНИ-ро зарур аст, аз худ бипурсанд, ки то кадом андоза ба фарҳанги истеъфо, ки аз дигарон талаб мекунанд пойбандӣ доранд. Фошкориҳои охир нисбат ба рафтору амали ғайриахлоқона ва мухолиф ба меъёрҳои исломии раиси ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ дар мавриди талаби истеъфо саволҳои зиёдеро ба миён меорад. Агар муаллифони ин матлаб ба фарҳанги истеъфо содиқият дошта бошанд, пас чаро дар замоне, ки аз рафтори ғайриахлоқона ва мухолиф бо меъёрҳои имонӣ ва исломии роҳбарияти ТЭТ ҲНИ якчанд сол пеш аз ин дарак ёфта буданд аз ў талаби истеъфо накарданд. Чӣ онҳоро водор менамуд, ки ба ин рафтори роҳбарияти ТЭТ ҲНИ чашмпўшӣ намоянд ва меъёрҳои диниву ахлоқиро мадди назар созанд? Ё дар он замон фарҳанги истеъфоро аз хотир бурда буданд? Ҳатто пас аз фошкориҳои фарогири ин мушкил низ, ки тамоми ҷомеа аз он дарак ёфт, фарҳанги истеъфо дар рафтори роҳбарияти ТЭТ ҲНИ ва талаби он аз ҷониби ҳаводоронаш ба назар намерасад. Ба ҷои талаби истеъфо аз дигарон зарур мешуморем, ки матни истифодаи ин фарҳангро дар рафтор ва амали худ баррасӣ намоед. Оё чунин намеҳисобед, ки аввалан худи шумо ба ин фарҳанг ниёз доред? Аввал рафтору амали хешро дар паҳлўи тарозуи «фарҳанги истеъфо» бисанҷед ва пас дигаронро «муҳокимаронӣ» намоед.
Бигузор ҳакамӣ дар Тоҷикистон ба мардуми кишвар дода шавад, то нисбати нерўҳои сиёсӣ ва сиёсатмадорон мавқеъгирии худро изҳор намоянд. Интихоботи навбатии президентӣ дар Тоҷикистон бори дигар далолат аз он намуд, ки мардум ба таҷрибаи сиёсӣ ва идоранамоӣ аҷр мегузоранд ва амнияти кишваро чун замина ва шароити муҳимми рушди минбаъдаи давлати миллӣ қадрдонӣ мекунанд.
Солеҳӣ Ш. – н.и.с., сармуаллими
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ