Ватанфурӯшони пойлуч
Имрўз дар назди инсоният муаммоҳои ҷаҳони муосир истодаанд, ки яке аз онҳо ифротгароӣ ба шумор меравад. Он бадбахтие, ки ба сари мардуми сайёра омадаанд, аз ҷаҳолат, бенавоӣ ва ихтилоф аст. Бо муваффақият ҳал шудани масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣи давлат, аз инкишофи шуури сиёсӣ ё худ аз иштироки фаъолонаи одамон дар корҳои сиёсӣ вобаста аст.
Ҳуқуқ ба озодиҳои динӣ аз ҷумлаи арзишҳои бузург ва олии ҷомеаи мутамаддин маҳсуб ёфта, дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф ёфтани ҳаёти сиёсӣ ва маънавии ҳар давлат ва дар маҷмўъ аҳли башар, дар санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ муқарар шудааст.
Дар саросари кишвар равандҳои худшиносии динӣ вусъат ёфта, таваҷҷўҳи ниҳодҳо ва созмонҳои мухталифи дохилию хориҷӣ, шаҳрвандони алоҳида ва умуман ҷомеа ба масъалаҳои диниву эътиқодоти динӣ баръало рў ба афзоиш ниҳодааст.
Мутассифона, дар хотираи таърих ҳамазамон, нафароне ҳам то ҳанўз боқӣ мондаанд, ки Ватан, Модар ва дигар муқаддасотро пушти по зада, барои манфиатҳои шахсии худ ин миллатро фурўхтаанд. Ҷомеаи кишварро иқдоми пешгирифтаи ин нафарон ба ҳайрат гузошт. Ин хоинону душманони миллат, бадхоҳони давлат, манфиатҳон, мансабталошон, террористу экстремистон имрўзҳо барои ба даст овардани ҳокимият аз хориҷи кишвар истода баромадҳои ғаразнок менамоянд бидонанд, ки мардуми тоҷик дар роҳи интихобкардаш устувор, мафкураи бедор аз фитнаҳои хоинони миллат озмурда шудааст.
Душманони бадхоҳи миллату давлат бо амалу гуфторҳои паҳнкардаи наметавонанд муддате ба зиндагии орому осоишта халал расонида дар самти бунёдкорию созандаги монеъ эҷод намоянд.
Ҳукумати мамалакат имрўз барои осудагию осоиштагии миллат пеши роҳи ҳамагуна бедодиҳо ва иғвою дасисаҳое, ки аз ҷониби як гурўҳ пойлучони ватанфурўш, ки барои назди хоҷагони хеш саги фаводор буданашонро нишон доданианд пешгири намуда барои несту нобуд кардани инфротгароён муборизаи беамон мебарад.
Абдураҳмонова Б.С. – ассистенти
кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ