Президенти мардумӣ

Интихоботи перезидентӣ дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 11 октябр баргузор шуд. Аксари кулли овозҳо 3 млн. 837 ҳазор 227 – 90,92 дарсадро президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуданд.

Ба ҷонибдории номзади Ҳизби аграрӣ Рустам Латифзода 127, 72 овоз яъне 3,3 %, Ҳизби сотсиалист Абдуҳалим Ғаффорзода 62, ҳазору 835 овоз 1, 49%, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Рустам Раҳматзода 90 ҳазору 587 овоз,  2,19 % ва Ҳизби коммунистӣ Мироҷ Абдуллоев – ҳамагӣ 49 ҳазору 212 овоз яъне 1, 17 %-и интихобкунандагон овоз доданд.

Бино ба маълумоти КМИР, дар интихоботи Президенти Тоҷикистон аз шумори умумии 4 млн. 221 ҳазору 76 – нафар интихобкунадагон 85,39%-и интихобкунандагон ширкат карданд.

Ба маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон беш аз 122 нафар нозирони байнулмилалӣ аз Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (ДИДХБ), ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва давлатҳои дуру наздик ширкат варзиданд.

Натиҷаи интихобот бори дигар тасдиқ менамояд, сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар идоракунии давлатӣ аксарияти мутлақи халқи Тоҷикистон ҷонибдорӣ менамоянд.

Эмомалӣ Раҳмон – шахсияти маҳбуб ва писандидаи халқи Тоҷикистон мебошад. Хизматҳову ҷонфидоии Ӯ дар таҳкиму рушди давлатдории Тоҷикистон ҳар як шаҳрванди кишвар хуб дарк менамояд ва тасдиқ мекунад. Инро гарчанде бадхоҳони миллат медонанд, вале эътироф намекунанд ва бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ба нуфузу мартабаи олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи Тоҷикитон таъсирӣ мусбӣ расонанд, албатта ин бадхоҳон ба мақсадҳои нопоку ғаразноки худ намерасанд. Руякиву, қалбакиву хиёнаткор будани ин бадхоҳонро, мнзур тӯдаи ноогоҳи назату паймон аст, ки ҳама қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон медонад.

Дар мақолае ки аз тарафи сомонаи интернетии Ислоҳ нет нашр шудаасту дар он қайд мегардад, ки гуё Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо интихобкунандагон вохурӣ кардан намехоҳад ё наметавонад ин ҳама дуруғи маҳз аст. Охир Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар вохуриву молоқот бо шаҳрвандон-интихобкунандагон буд ва ҳаст. Новобаста аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафарҳои кории худро дар шаҳру ноҳияҳои кишвар қатъ накарданд. Ҳамеша бо ҳалқ ва дастгири ҳалқ  буданду ҳастанд.

Хушбахтона санаи 30-уми октябри соли ҷорӣ маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як сатҳи баланди ташкилӣ доир гашт. Дар чорабинии мазкур аз ҳамаи қишрҳои ҷомеа ширкат варзида, дар майдони марказии шаҳри Душанбе паради ҳарбӣ бахшида ба ин санаи таърихӣ гузаронида шуд. Таърихи миллати мо бою рангин аст ва маросими савгандёдкунии Президенти мамлакат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон барои кулли мардуми мо ҳамчун ҷашни умумимиллӣ қабул гардид. Мо шаҳрвадони мамлакат хушбахт аз он ҳастем, ки чунин як сарвари оқилу доно ва раиятпарвар дорем. Пирӯзи муборак бод, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Изҳороти Қурбонов Ҳ.Ш. – ассистенти

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like