Паймони миллӣ обро лой намуда худро сафед менамоянд
Соли 1992 пас аз он, ки гурӯҳи мухолифин табадуллот намуд, ҳукумати қонунӣ барҳам дода шуд. Мухолифин тамоми иштирокчиёни майдони “Озодӣ”-ро таъқиб намуда мепаррониданд. Тобистони соли 1992 бо роҳбарии раиси Ҳизби Демократии Тоҷикистон Шодмон Юсуфӣ “Ситоди наҷоти ватан”таъсис дода шуд. Бо воситаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ Шодмон Юсуф баромад намуда ҳарф зад, ки Тоҷикистон барои тоҷикон мебошад. Дигар миллатҳои ғайр бояд марзи ҷумҳуриро тарк намоянд ва дар сурати итоат накардан онҳо парронида мешаванд.
Дар мақолаҳои подарҳавои наҳзат қайд карда шудааст, ки гӯё дар ҳайати “Ситоди наҷоти ватан”афроди варзидаю сарсупурдаи ватан аъзо буданд.
Оре, яке аз “сарсупурдаҳои миллат” Шодмон Юсуфӣ буд, ки яке аз шахсоне мебошад, ки дар нооромшавии вазъият дар ҷумҳурӣ ва саршавии ҷанги бародаркуш бечунучаро гунаҳкор мебошад. Дар натиҷаи таҳдиду террори Шодмон Юсуфӣ бисёр русзабонҳо ва намояндагои дигар миллат аз тарси ҷон ҷумҳуриро тарк карданд. Оё чунин шахсро сарсупурдаи миллат номидан мумкин аст, ки рӯирост дар мамлакат тухми миллатгрориро пошида миллатҳои ғайритоҷикро таъқиб намуд. Ҳол он ки Ш.Юсуф олими ҷомеъашинос буд ва набояд ӯ ба чунин амали ғайриинсонӣ роҳ медод. Аммо ӯ худ ин амалро оғоз карда роҳбарӣ намуд. Бояд қайд кард, ки “Ситоди наҷоти ватан” номгузорӣ кардани ин ташкилот тааҷҷубовар мебошад, зеро ба Ватан ҳеҷ гурӯҳ ё давлати хориҷӣ ҳуҷум накарда буд, ки чунин ситод ташкил карда шавад.
Ба ватан худи мухолифин бо роҳбарии Сайид Абдулло Нурӣ, Тӯраҷонзода, Шодмони Юсуфӣ, Ҳимматзода ва дигарон таҳдид намуда хатари барҳамхӯрии давлату истиқлолиятро ба миён оварданд. Бинобар ин таҳдидкунандаи хатару таҳдид мухолифин буданд ва дар мақола муаллиф мухолифинро сафед намуда онро ҳамчун сарсупурдаю ҷонфидои миллат баён намудааст, ки ин дурӯғи маҳз буда фиребдиҳии ҷомеа мебошад.
Ҳамин тавр имрӯз нерӯҳои мухолифин бо ҳар роҳу восита кӯшиш намуда истодааст, ки худро сафед намуда ҷомеаро фиреб диҳад.
Одинаев А. – н.и.т, дотсенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ