Шомилгардидани ТЭТ ҲНИ ба рӯйхати ташкилотҳои ифротӣ дар фазои минтақавӣ
Тибқи маълумоти коршиносон имрӯз дар ҷаҳон беш аз 500 ҳизбу ҳаракатҳои динию ифротгаро, созмонҳои террористию экстемистӣ ошкорову пинҳонӣ амал мекунанд. Яке аз онҳо ТЭТ ҲНИ аст.
Ҳамасола дар арсаи терроризм ё барои мақсаду амалҳои террористӣ дар ҷаҳон дар маҷмӯъ аз 5 то 20 миллиард доллар сарф мегардад. Тамоми мардум, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таҳдиди хатарноки терроризм ва экстемизм ба амният, оромӣ ва суботи ҷомеа, муносибатҳои байналхалқӣ, бехатарии давлат ва ҳаёти шаҳрвандони он, рушди устувори кишварҳо ба ташвиш омадаанд.
Ҳоло терроризм беш аз пеш хатари фаромиллӣ ва умумибашариро касб намудааст. Агар ба таври дигар гӯем терроризм дар минтақаҳои алоҳида ва том ва умуман ба тамоми ҷаҳон доман паҳн карда истодааст.
Давлатҳои шомили СҲШ ва ИДМ Ҳизби наҳзати исломиро террористӣ ва экстремистӣ (ТТЭ ҲНИ) эътироф карданд. Маълумот дар бораи аъзои ТТЭ ҲНИ, дар баробари ДИИШ, «Ал-Қоида», ҳаракати «Толибон» ва дигарҳо таҳти рақами 79 ба Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, ҷудоихоҳ ва экстремистӣ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ (Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон), манъ аст, шомил карда шудааст. Маҳз роҳбарият ва аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ ба рӯйхати ягонаи шахсони кофтуковшавандаи алоқаманд ба фаъолиятҳои террористию экстремистӣ шомил карда шудаанд.
Дар асоси Қарори Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки ба он Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Россия шомиланд, ТТЭ ҲНИ ба Феҳристи ягонаи ташкилотҳои дар қаламрави кишварҳои узви СААД террористӣ ва экстремистӣ эътирофшуда низ ворид карда шудааст. Феҳристро мақомоти салоҳиятдори онҳо ҳангоми амалиёти якҷояи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ба инобат мегиранд.
Соли гузашта дар Қоҳира дар Конференсияи илмӣ-тадқиқотӣ оид ба фаъолияти ташкилотҳои террористии Ҳизби наҳзати исломӣ ва «Ихвон-ул-муслимин», ки таҳти унвони «Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди созмонҳои террористӣ. Омӯзиши тафсилии фаъолияти «Ихвон-ул-муслимин» ва ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ» доир шуд, шабоҳати наздики таърихию идеологии созмонҳои зикршуда, ҳамгироӣ ва умумияти онҳо кӯшиши нооором сохтани субот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Миср, инчунин исбот шудани дастгирӣ ёфтани ин ташкилотҳои террористӣ аз ҷониби хадамоти махсуси яке аз кишварҳои исломӣ таъкид шуд.
Имрӯз ТТЭ ҲНИ бо иштирок, маблағгузорӣ ва таҳти роҳбарии бевоситаи хадамоти махсуси хориҷӣ фаъолиятҳои ҷиноиро алайҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони он, инчунин хориҷиёне, ки дар ин ҷо қарор доранд, идома медиҳад. Соли гузашта мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ҳамлаи террористиро дар маҳалли ҷойгиршавии Пойгоҳи ҳарбии 201-и Россия дар Душанбе пешгирӣ карданд, ки онро 13 нафар аъзои ТТЭ ҲНИ, ки дар назди инструкторони хориҷӣ омодагии диверсионӣ гузаштаанд, мехостанд анҷом диҳанд. 29 июли соли 2018 аъзои ТТЭ ҲНИ нисбат ба сайёҳон аз кишварҳои ИА ва ИМА ҳамлаи ваҳшиёна анҷом доданд. Дар маҷмӯъ, дар тӯли солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷангиёни мусаллаҳи ҲНИ беш аз 150 шаҳрванди хориҷиро, аз ҷумла кормандони созмонҳои байналмилалӣ, фаъолони ҳуқуқи башар, дипломатҳо, рӯзноманигорон, намояндагони дигар динҳо ва нозирони СММ-ро гаравгон гирифта, куштанд
Террори наҳзат ҳамчун воситаи амалӣ намудани мақсад, маром ва ниятҳои хатарноку нопок, тамаъҷӯӣ манфиатҳои хеш зуҳурот ё падидаи ниҳоят хатарнок, даҳшатовар барои ҷомеа ва амнияти мардум мебошад. Дар истифодаи таҳдиду фишор, зӯроварӣ, бераҳмӣ, қатлу куштор ва дигар амалҳои ғайриинсонӣ террористон ҳама бо ҳам монанд ё аз як ҷинсанд.
Хӯҷамқулов Р.Б. – сармуаллими
кафедраи технологияҳои иттилоотӣ
дар иқтисодиёти ДДҲБСТ