Кабирӣ ва ҳаммаслакони носипосӣ ӯ

Нуктаи муҳиме, ки дар инҷо мехоҳем қайд намоем, ин аст, ки дар чорабиниҳои мозмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақавие, ки дар мамолики Аврупо ва Амрико доири масъалаи озодиву демократия баргузор  мегардад, Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ аз худ дарак медиҳанд. Мисоли равшан дар Варшаваи давлати Лаҳистон, ки ҳамасола Конфронси солонаи САҲА баргузор мегардад ва дар он нафарони бетаҷриба ва аз лиҳози фаҳмишу дониш ва малкаи сиёсӣ ва идори бо роҳбарии саркардаи онҳо Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ ширкат меварзанд.

Онҳо нафаронеанд, ки пушти пардаи дину мазҳаб ва сиёсати дингустарӣ ба авомфиребӣ дар кишварҳои гуногун монанди ҳайвонҳои соҳибгумкарда саргардонанд. М. Кабирӣ ин ки дар минбари САҲА бо пуштибонии кишварҳо ва шахсиятҳои алоҳидае, ки аз ҳисоби онҳо нон мехӯрад ва дар рагҳои шумо хуни нопок ҷараён дорад ва ҳар лаҳза метавонад барои иғво андохтан ва носазо гуфтан тӯғён бизанад, ҳеҷ ҳуқуқе барои баррасӣ кардани нақзи ҳуқуқи маҳбусон надоранд, зеро аксари он маҳбусон олудаи гуноҳони чандинсолаи пасипардагии ȳ шуданд ва ҳоло ҳам кушиш доранд дигаронро ба ин роҳи бад ҳидоят намоянд.

Дар урфият мегȳянд инсон ҳамеша бо дуои падару модар ва пирони рузгордида рушду пешрафт карда, дар ҳаёт аз амалҳои нек боқи мемонад. Аммо ȳ ки аз падар дуо нагирифта буд ва падари бечора бо сари хам назди ҳақу ҳамсояҳо ҷон ба дасти ҷонофарин рӯи дасти бегонагон супорид ва баркати осудаи ӯ фарзанди нохалаф ва доғи падару модар ва аҳлу авлодро бо худ ба он дунё бурд, ки ин боиси шармандагии ȳ барин фарзанди нохалаф бояд бошад. Имрӯз, ки бо баҳонаи озодӣ дар кишварҳои сарпарастад лофи озодӣ ва демократия мезананд, магар шарми 10 сол дар Парлумон кор кардан як маротиб лоақал ба хотира намерасад, ки аз буҷаи ин миллат ва ин сарзамин маош гирифта, дар рузгорат масраф кардааст. Ин ҳама бахшиданҳову рȳи даст кардан ȳро қонеъ накард ва боз ҳамон хуни нопок дар вуҷудаш буда ба гардиш даромад ва монанди аҳриман даст ба амалҳои нопоке мезананд.

Онҳо на дин доранду на мазҳаб на виҷдон доранду на номус ва на нангу ор ва на шарафу ҳувияти миллӣ. Танҳо нафароне ҳастанд, ки муздур ва дастнигари хоҷагони аҷнабиаташон ҳастанд.

Изҳороти Аминов Д.Ғ. – дотсенти

кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

You might also like