Мақоми дин дар фазои Тоҷикистон

Аз расонаҳои Интернетӣ маълум мешавад, аъзоёни ТЭТ ҲНИ ва Паймони миллӣ  изҳорот намудаванд, ки гўё сиёсати ҳозираи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кўшиш намуда истодааст, ки дар байни мардум оид ба дин, диндорӣ ва дини мубини ислом корҳои ташфиқотию тарғиботӣ ва маҳдудиятҳои сунъӣ кардаи истодаанд, ки аз дин рўй гардонанд.

Мутаассифина ин ақидаҳое, ки аз тарафи ин шахсиятҳо (ТЭТ ҲНИ ва ПМТ) паҳн шуда истодааст бардурўғ мебошад. Чунки, айни ҳол дар қаламрави кишварамон даҳҳо ва садҳо масчидҳо амал (дар давраи пандемияи короновирус муваққатан боздошта шудааст) мекунанд, ки мардум метованад бемамоният ибодат кунанд ва то ҳатто расму оинҳое, ки аз тарафи дини мубини ислом мукқаррар карда шудааст аҳолии мусулмонои кишварамон онҳоро риоя намуда, хушбахтона нисбати дин эҳтиром мекунанд.

Бо ташабусси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи фармоиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2008, № 538 бо дарназардошти хизматҳои таърихии фарзанди барӯманди халқи тоҷик Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит машҳур бо Имоми Аъзам (раҳ.) дар рушди фарҳанг ва тамаддуни исломӣ ва аҳамияти калон доштани мероси динӣ-ҳуқуқии ӯ дар ташаккул ва инкишофи худшиносии миллӣ мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соли 2009 ҳамчун соли бузургдошти Имоми Аъзам” эълон карда шуд.

Магар, ин иқдом дастгирӣ ва эҳтиром ба дин нест. Баръакс, ин иқдом барои мардум ва асосан барои ҷавонон тарбия додааст. Чунин мисолҳо бисёранд. Барои ҳамин чунин хулоса кардан мумкин аст, ки он изҳороти ТТЭ ҲНИ ва ПМТ беасос ва бардурўг мебошад. Хушбахтона Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба ҳамаи динҳо ва мазҳабҳои динӣ эҳтиром зоҳир намуда, дини мубини ислом ва маҳзаби суннатии мо – ҳанафияро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад.

Орипов А.А – н.и.и., дотсент, декани

факултети баҳисобгирӣ ва андози ДДҲБСТ

You might also like