Мубориза алайҳи ифротгароӣ вазифаи ҷонии хар як фарди ватандӯсти тоҷик аст!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон дурбинона ва некхоҳона қайд мекунанд, ки мо бояд муқовимати сахтро нисбат ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароӣ нишон дода, халқи азизамонро аз чунин вартаи бало эамин дорем. Ин вазифаи ҷонии хар як фарди ватандӯсти тоҷик мебошад.
Тоҷикистони ҷавонистиқлол доимо дар раванди афзоиш қарор дорад. Баъзе аз афроди гумроҳгашта ба монанди Кабирӣ мехоҳанд бо ҳар роҳу усул табар бар решаи ин сарзамин зананд. Онҳо тоҷикему тоҷикистонием гуфта, худро чун моҳии тиллои нишон медиҳанд. Лек мақсад ва ҳадафашон ба сари ҳокимият омадан ва ин сарзаминро ба зулмот кашонидан аст.
Давлату ҳукумат дар ин самт бисёр чораҳо андешида барои решакан кардани ингуна афроди худхоҳ дар баробари дигар давлатҳои ҷаҳон аллакай қадамҳои устувор гузоштааст. Нест кардани гурӯҳҳои террористӣ ва ҳимояи халқи меҳнатдӯст аз зулму зарари онҳо ва ҳамкории Тоҷикистон дар ин ҷода бо дигар давлатҳо нақши муҳим доранд.
Мо низ умедвор аз онем, ки давлатҳои пешрафта, сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, Тоҷикистонро дар ин равия дастгири карда ҳамкории худро минбаъд низ дареғ намедоранд. Халқи Тоҷикистон низ он чи дар қудрат дорад, барои мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ истифода бурда, ҳарчи метавонад ба ҷомеаи байналмилалӣ ҳамоҳанг шуда минбаъд низ саҳми худро дар ин ҷода гузошта бошад.
Изҳороти Тошматова М.Д. – дотсенти
кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ