Давидани гӯсола-Муҳаммадиқбол то маҳбасхона

Дар ҷаҳони ҳассоси имрӯза, ки хатарҳои терроризму экстремизм ба амнияти кишварҳои олам таҳдид мекунанд, кормандони мақомоти прокуратура дар ҳифзи волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, муқовимат бо терроризму экстремизм, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои давлат, ҷомеа ва шаҳрвандон талошҳои бештар ба харҷ медиҳанд. Аз ҷумла, бо мақсади тақвияти нақши мақомоти прокуратура дар мубориза бо хавфи афзояндаи терроризм ва экстремизм дар сохтори дастгоҳи марказӣ – раёсати муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллӣ, инчунин, шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикӣ таъсис дода шуданд. Гузашта аз ин, воҳидҳои нав – шуъбаи қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳои онҳо, шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва маркази матбуот, инчунин, шуъбаи амнияти дохилӣ созмон дода шуданд.Ин ҳама аз он гувоҳи медиҳад, ки иқтидори мақомотҳои қудратӣ дар муборизаи зидди ҳама гуна қонуншиканиҳо, фиребгариву қаллобӣ нерӯи бузург дошта баҳри шикастани ин гуна зуҳурот муборизаи қатьӣ мебаранд.

Тайи солҳо ва рўзҳои охир аз ҳар гўшаву канори мамлакат садоҳои зиёде оид ба ақидаҳо ва фаъолияти норавшани нохалафон ба мушоҳида расида истодааст, ки дар саҳифаҳои маҷаллаҳову рўзномаҳои гуногун ва сомонаҳо интишор шуданд, ки ин ҳама кирдорҳои зишту  ношоистаи онҳо асоси воқеии худро ёфта истодааст. Баҳри ёфтани даромади муфт  бофиребу қаллобӣ ин ашхоси нохалаф ба амнияти иқтисодии  мардумони заҳматкаш таҳдид эҷод мекунад. Чунон чӣ, Муҳаммадиқбол Садуридинов бо кирдори қаллобонаи худ, 430 000 доллари ИМА-ро тасарруф карда, ба шаҳрвандон зарари махсусан калони иқтисодӣ расонидааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин фиребгар бо роҳи қаллоби шаҳрвандонро ба доми фиреб андохта ба онҳо зарари ҷиддии моддӣ расонидааст. Чунин шахсони қаллоб ва  наҳзатӣ дар Тоҷикистон набояд зиндагӣ кунанд ва ҷомеаро  аз чунин шахсони олудаёфта бояд  тоза намуд. Зеро аз ин кору рафтори  қаллобонаи Иқбол  бидуни кирдорҳои ҷиноятӣ, дурўягӣ, дурўғгўӣ ва ватанфурўшӣ чизи дигареро мушоҳида карда мумкин нест. Аллакай мардуми мо ба худ хулосаи зарурӣ баровардааст. Бетарғибу фаъолияти аъзоёни ҳизби экстремистии  тафриқаандоз ҳам мо ҳама мусулмонем. Вале Шумо барин фурўхташудагони миллат дур зиндагӣ намекунед.

Баррасӣ ва санҷиши аризаҳо шахсони ҷабрдида нишон дод, ки Садуридинов М.Қ. моҳи майи соли 2010 дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб, дар ҳузури шоҳидон шаҳрвандони Ҷумхурии Тоҷикистон Давронов М., Эркинов X. ва шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Шерматов Ч. бо роҳи қаллобӣ, даромадан ба боварӣ, бо овардани ривоятҳо аз Қуръон ва ҳадисҳо аз пайғамбарони дини ислом, аз шаҳрвандони ҶТ Кабутов Н.Б. 130 000 доллари ИМА, аз Холов С.И. 120 000 доллари ИМА ва аз Қаюмов Н.Ш. 180 000 доллари ИМА (ҷамъан 430 ҳазор доллари ИМА) гирифта, ваъда медиҳад, ки дар баробари маблағи аз онҳо гирифтааш, ҳармоҳа аз 10 то 12% фоида хоҳад дод.  Барои ба даст овардани боварӣ, Садуридинов М.Қ. ду моҳи аввал аз маблағи додаашон 5-6 % маблағи пулиро ҳамчун даромади бадастомада бармегардонад ва баъди сипарӣ шудани ду моҳ, ба Кабутов Н.Б., Холов С.И. ва Қаюмов Н.Ш. дар бораи муфлис шудани тиҷорати худ хабари бардурӯғ дода, ҳар гуна баҳонаҳоро пеш оварда, моҳи ноябри соли 2010 аз шаҳри Дубайи АМА ба шаҳри Бишкек ва аз он ҷо ба макони қарордошти имрӯзааш Аврупо фирор мекунад.

Ба Аврупо рафтани ин қаллоб маънии онро дорад, ки бо шахсони  наҳзати ҳамроҳ аст ва фикр мекунад, ки дар Аврупо бо дастгирии шахсони нохалафи дигар метавонад аз ҷазо дур бошад. Бо итминон метавон гуфт, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ аст. Аз ҷумла дар ҳамкорӣ бо созмони Интерпол макомотҳои қудратии Тоҷикистон  метавонанд ба зудӣ макони ин гуна қаллобонро дарёфт намоянд ва онҳоро ба маҳкама кашанд.

Олимов Б.Ҳ. – н.и.т., дотсент, мудири

кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ

You might also like