Ҳушёру зирак бошем!
Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳоли имрўз яке аз масъалаҳои доғ, ин зуҳури терроризму экстреризм ба ҳисоб меравад, ки он дар шароити ҷомеаи муосир як қатор кишварҳои оламро фаро гирифтааст, ки натиҷаи он шаҳру деҳоти зиёдро, ки ободу шукуфон буданд, ба харобазору вайрона табдил додааст. Аҳолии зиёд хонавайрон гардидани мулки ғарибӣ гардидаанд, ки дар оворагиву саргардонӣ умр ба сар мебурданд. Ҳазорон тифлакони бегуноҳ дар гирдоби амалҳои терроистиву ифротгароӣ фавтида истодаанд.
Мутаассифона шаҳрвандони мо низ дар анҷом додани амалҳои терорристии кишварҳои Ироқу Сурия иштирок намудану бархе аз онҳо қурбони чунин саҳнаҳо гардидаанд, ки боиси таассуф аст. Дар Ватан модарону пайвандони онҳо бо ғаму дарди зиёд зиндагӣ доранд. Қисмати дар ҷаҳон боқимонда бошад аз рўйи бемаърифатӣ бедорӣ ба сўйи модар ва ҷони худ санг мезананд, ки камоли ҷавонмардӣ нест.
Бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019 аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», манъ намудани фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бастани сомонаҳои интернетии ин ташкилот ва манъ кардани воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шудааст. Ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф карда шуда, фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. Сомонаҳои интернетие, ки ба ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», ташкилоти террористй-экстремистии «Ҳизби Наҳзати Исломӣ» ва дигар ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ хизмат мекунанд, баста шуда, воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.
Аз ин рў аз ҷавонон даъват ба амал меорам, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва худро қурбони ин гуна ҳаракатҳо насозанд. Зеро оқибатҳои терроризм моро аз модар, аз ёру бародар ва аз ҳама муҳим аз ватан маҳрум месозад. Шукронаи ободию озодии ин давлати маҳбуб карда барои боз ҳам ободу зебо гаштани он камари ҳиммат бояд бубандем. Қувва ва зеҳни ҷавонии худро барои омӯзиши илму дониш ва азбар намудани забонҳои хориҷӣ равона созанд. Баҳри худ ва ҷомеа як фоида расонида бошанд.
Изҳороти Қурбонов Ҳ.Ш. – ассистенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ