Интихобот гузашт, вале чеҳраи манфури наҳзат боқӣ монд
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми мо соли ҷорӣ соли сиёсӣ ба ҳисоб рафта, ду интихобот ҳам интихоботи Президентӣ ва Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мақолае, ки дар сомонаи иҷтимоии https://payom.net/ бо номи “Раҳмону Трамп ва вируси интихобот” нашр гардидааст ягон мазмун ва мантиқ надорад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Амрико ва Пешвои муаззами миллат, Президенти мардумии кишвар Эмомалӣ Раҳмонро бо Доналд Трамп муқоиса намудан ин нишонаи аблаҳӣ, беақлӣ, аз доираи сиёсат ва инсонӣ берун будани муаллифро нишон медиҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ тамоми чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва ғайраро дар доираи қонунҳои амалкунанда, расму оинҳои миллӣ ва санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии байналмилалӣ ташкил ва баргузор менамояд.
Интихоботи Президентие, ки доир гашт дар сатҳи олӣ гузаронида шуд. Исботи ин суханҳо тариқи тамоми шабакаҳои телевизионӣ пахш намудани ташвиқу тарғиби интихобот, вохурии номзадҳо бо интихобкунандагон, изҳори ақидаи номзадҳо нисбати имкониятҳои баробар доштани ҳамаи номзадҳо ва ғайра мебошад.
Душманони миллати тоҷик, хоинон, ватанфурушон, ки дар хориҷи кишвар умр ба сар мебаранд ва имконияти тағйир додани вазъиятро надоранд мехоҳанд бо роҳи нашри мақолаҳои иғвоангез, намоиши видеонаворҳои сохта ва беасос мардумро ба гумроҳӣ баранд, онҳоро аз интихобот дилсард созанд ва иштироки онҳо кам намоянд.
Имрўз ҳар фарди тоҷик ба хуби дарк менамояд, ки ин ватанфурушон чи мехоҳанд, дар сар чи ақида доранд ва дар назди худ чи мақсад гузоштаанд. Аз ин хотир бо боварӣ иброз медорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон моҳияти интихоботро хуб дарк мекунанд, иштирок дар интихоботро қарзи шаҳрвандии худ меҳисобанд, интихоби номзади арзандаро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили ояндаи босаодат ва рушди босуботи кишвари маҳбуби худ медонанд ва ба ин мақолаву дасисаву, туҳмату буҳтону, иғвову моҷароҷўи аҳамият надода фаъолона дар интихобот иштирок мекунанд ва номзади арзандаи худро интихоб менамоянд.
Нисбати муқоисаи Доналд Трамп Президенти Амрико бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаминро қайд кардани ҳастам, ки аксарияти мардуми Амрико аз тарзи идора, пешбурди сиёсат ва дигар ҳадафҳои пешгирифтаи Трамп розӣ нестанд.
Кулли мардуми шарифи Тоҷикистон аз сиёсати сулҳҷуёна, хирадмандона, маорифпарварона, ятиму камбизоатпарварона розӣ ҳастанд ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти мардуми эътироф намудаанд, эҳтиром менамоянд ва чунин сиёсатро ҷонибдорӣ мекунанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эълон намудани солҳои 2019 – 2021 солҳои Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тамоми гушаву канори Тоҷикистон обод гардид ва бо сафарҳои корӣ, ки ба ҳар ноҳия ташриф меоранд аз аҳволи пиронсолон, камбизоатон ва ятимон хабар мегиранд. Чунин рафтор дар фаъолияти ягон сарвари давлати дунё дида намешавад.
Нисбати масъалаи бемории коронавирус covid 19 гуфтаниям, ҳамагон хуб медонанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ тамоми чораҳои амалиро андешид. Натиҷаи чунин чораандешӣ буд, ки дар Тоҷикистон нисбати дигар давлатҳои минтақа шумораи ками гирифторон ва фавтидагон ба қайд гирифта шудааст.
Масъалаи бемории коронавирус covid 19 ин муаммои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дар айни замон маҳсуб меёбад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои амалиро андешида истодааст, ки шумораи гирифторон ба он камтар гардад.
Интихоботи раиси ҷумҳури қудратмандтарин кишвари ҷаҳон Амрико ин муаммои дохилии ин кишвар ба ҳисоб меравад, ки ғолиб меояд ва ки мағлуб ин бурду бохти ин давлати абарқудрат мебошад.
Мо халқи Тоҷикистон баҳри гулгулшукуфоии кишвари худ интихоботро дар сатҳи баланд бо риояи тамоми талаботҳои милливу байналмилалӣ ташкил ва баргузор намудем. Дар сатҳи баланд ташкил шудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро якчанд нозири байналмилалӣ тариқи телевизионҳо ақидаи худро иброз доштанд.
Интихобот мегузарад, номзади арзанда аз ҷониби халқ интихоб мешавад, танҳо ва танҳо боз иғвоангезӣ, мардумфиребӣ, боз як маротибаи дигар ки будани худро нишон додани ин ватанфурушон мемонаду бас.
Қобилов Б.Қ. – н.и.ҳ., сармуаллими кафедраи
ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика
ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ