Ҷашни Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки тоҷикон

14 октябри соли равон дар факултети молияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинии илмию адабӣ таҳти унвони “Ҷашни Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки тоҷикон” баргузор гардид.

Зимни баргузории чорабинӣ иброз шуд, ки Меҳргон оғози нимаи дувуми  сол ва ё фасли тирамоҳ- ҳулули хуршед дар бурҷи Мизон аст. Тибқи баъзе навиштаҳои фарҳангнигорон дар аҳди Ҳахоманишиён эътибори ин ҷашн нисбат ба Наврӯз зиёдтар арзёбӣ карда мешавад.

“Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод”, “Меҳргон иди тоҷикон ва рамзи фаровонист” ва ба ин монанд мавзӯҳое буданд, ки аз ҷониби устодони донишгоҳ маърӯза карда шуд. Қайд гардид, ки ин ҷашн тибқи тақвими  зардуштии авастоӣ дар рӯзи 16- уми моҳи Меҳр, баробар ба рӯзи 8 – уми октябри мелодӣ  дар миёни фасли тирамоҳ баргузор мегардад. Ҷашни Меҳргон пас аз Наврӯз куҳантарин иде мебошад, ки аз қадимулайём ба муносибати бардошти ҳосилоти кишти деҳқонӣ ва поён пазируфтани корҳои кишоварзӣ таҷлил мегардад, илова гардид дар идомаи чорабинӣ.

Ҳамин тавр, ҷашни Меҳргон ба худшиносиву худогоҳӣ ва ватанхоҳиву дӯст доштани забони модарӣ, фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ водор месозад, ки ҳадафи баргузории чорабинӣ мебошад.

Қироати порчаҳои назмиву насрӣ аз ҷониби донишҷӯёни соли аввал ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like