Пойдории соҳибихтиёрӣ ва сулҳу оромии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба вуҷуд омадани асосҳои ҳуқуқӣ, ки Тоҷикистонро ҳамчун субъекти баробарҳуқуқӣ муносибатҳои байналмилалӣ муайян мекунад – яке аз самтҳои нав ва дар таҷриба тадқиқнагардидаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба ҳисоб меравад. Зеро 2-юми марти соли 1992 Тоҷикистон узви ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ чун Созмони Милали Муттаҳид гардид. Аз ҳамин лаҳза оғоз карда барои Тоҷикистон марҳилаи нави рушди муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва ҳамчунин ҳифзи онҳо шурўъ шуд. Дар айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви СММ, бо муассисаҳои махсуси СММ муваффақона ҳамкорӣ мекунад. Таҷриба ва ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бисёр соҳаҳо, алалхусус дар ҳалли низоъҳои дохилимиллӣ аз ҷониби СММ ҳамчун раҳнамои амалиёт тавсия шудааст.

Ҳодисае, ки 24 сентябри соли ҷорӣ бо яке аз намояндагони ҳаракати зиддидавлатии Тоҷикистон  «Гурўҳи 24» Шобудин Бадалов ба вуқўъ пайваст фоҷиаовар мебошад. Пеш аз ҳама аввал бояд мақсаду мароми ҳаракати экстремистии «Гурўҳи 24»-ро муайян намуда, онро бо таҳлили сиёсиву ҳуқуқӣ хулосаи дуруст пешниҳод намуд. Зеро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон намехоҳад, ки низоъҳои сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 аз нав такроран баргардад ва паси сар кунад. Дар ин ҷанги шаҳрванди чандҳо ҳазор шаҳрвандони бегуноҳ ба қатл расонида шуданд, шахсони мўътабар, фарзандони бонангу номуси миллати тоҷик ба монанди Муҳаммад Осимӣ, Сафарали Кенҷаев, Нурулло Ҳувайдуллоев, Исҳоқи Юсуф Баширханович ва дигарон аз ҷониби тарафҳои мухолифин кушта шуданд. Дар ҳамон лаҳзаҳои ҳассос, нооромии сиёсиву иқтисодии давлат бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ватандўст, сипаҳсолор Эмомалӣ Раҳмон қаҳрамонии нотакрорро нишон дода бо шиори «Ман ба Шумо сулҳ меорам» ҳаёти худро зери хатар гузошта давлати моро тинҷиву ором гардониданд. Аз ҳамин сабаб ба ин шахси мўътабар миннатдори баён намуд, маҳз сарвари давлат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд халқи Тоҷикистонро сарҷамъ намоянд, таҳкими соҳибихтиёриро пойдор намоянд, бо тарафҳои мухолифин дар ш. Москва Созишномаи истиқрори сулҳро ба имзо расониданд, зиёда аз як миллион гурезагонро ба Тоҷикистон баргардониданд.

Аммо бо мақсади сарнагун сохтани ҳокимияти давлатӣ, тағйир додани сохти конститутсионӣ, бадном намудани Президенти мамлакат Эмомали Раҳмон ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва намояндаи онҳо ба монанди Шобудин Бадалов, Раҳматҷони Маҳмад ва дигарон баромад намуда ҳокимияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, арзиши асосии ҷомеаи (комили имрўзаро) шаҳрвандиро касод хоҳанд кард.

Воситов Ҳ.А.н.и.ҳ., сармуаллими кафедраи

назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ

You might also like