Аврупо чарогоҳи наҳзатиён гаштааст
Гурӯҳи нохалаф чун Ҳизби экстремистии наҳзати исломӣ мебошад, ки амалҳои хоинонаи худро ҳоло ҳам берун аз хоки Тоҷикистон идома дода истодааст. Аммо аз ин ҳам бадтар, роҳбарони ҳизби мазкур на танҳо халқу миллату ватан, балки мазҳаби аҷдодии худро ҳам фурӯхта, мазҳаби бегонаро қабул кардаанд. Далелҳои бисёр, шоҳидии аъзоёни пештараи ҳизб, навору суратҳои зиёд ҳамаашон нишони онанд, ки роҳбарони ҳизби наҳзат ба хотири дунё ва молу қудрат мазҳаби аҷдодии худро ба чанд пул фурӯхта, ба мазҳаби бегонаи шиа даромадаанд.
Дар ин бора мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол филми мустанадеро, ки аз ҷониби муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» оиди зархаридон ва хоҷагони хориҷии онҳо, ки ба арзишҳои маънавиву илмӣ ва равшанфикрони миллати тоҷик зарбаҳои ҷонкоҳ заданд, тамошо карданд ва нисбати ин гуна ашхос, ки ба миллати хеш хиёнат карданд, лаънату нафратҳо хонданд. Бояд гуфт, ки ин гуна инсонҳо, ки ба миллати хеш, арзишҳои миллӣ, дину расму оини худ баҳри молу чиз хиёнат кардаанд, ҳеҷ гоҳ бахшида намешаванд.
Роҳбарони созмони экстремистию террористии Ҳизби наҳзат Созишномаи умумии истиқори сулҳ ва ризояти миллиро зери по гузошта, соли 2015 даст ба ошӯбу табаддулоти давлатӣ заданд ва ҳадафу мақсади нопоки худро фош намуданд. Тайи солҳои охир бошад, фаъолияти тахрибкоронаи худро дар кишварҳои Аврупо торафт таҳким бахшида, тавассути шабакаи иҷтимоии интернет ва дигар расонаҳои хабарӣ ба зидди Ҳукумат ва мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таблиғоти густурда ва гумроҳкунандаро ба роҳ монда, туҳмату буҳтон паҳн намуда, нуфузу ҳайсияти кишвари моро дар сатҳи байналмилалӣ паст заданӣ шуданд. Вале дар урфият мегӯянд, ки «бори каҷ ба манзил намерасад». Солҳои охир бисёр пардаҳо аз рӯйи хиёнату ҷиноятҳои ин созмони тахрибкори террористию эксртемистӣ бардошта мешавад ва симои аслии роҳбарон ва хоҷагони хориҷии онҳо дар назари ҳамагон намоён мегардад. Ба ин филми мустанади «Хиёнат» мисоли возеҳу равшан мебошад.
Имрӯз ҳамаи шаҳрвандони азизи кишвари мо дар атрофи сиёсати созандаи давлату ҳукумат муттаҳид гардида баҳри гул-гул шукуфии Тоҷикистони азиз фаъолият карда истодаанд. Набояд гузошт, ки ба пешрафти бонизоми кишвар ягон афрод ва гурӯҳ таъсири манфии худро расонад.
Мо дар шароити сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмии комил имрӯзҳо кору фаъолият карда истодаем ва ин ҳама натиҷаи истиқлолият ва ваҳдати миллист. Фарзандони бонангу номуси миллат ва ҳамаи шаҳрвандони кишвар вазифадоранд, ки бо шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлол ва Ватани соҳибихтиёр ба хотири ҳимояи истиқлолияту озодӣ, таҳкими суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллату давлатамон саъю талош намоем.
Олимов Б.Ҳ. – н.и.т., дотсент, мудири
кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ