Муаммоҳои мубрами математика ва татбиқи он
Тайи солҳои охир Ҳукумати мамлакат ба масъалаи аз худ намудани донишҳои замонавӣ, пурзӯр кардани таълими фанҳои табиатшиносӣ бештар таваҷҷуҳ менамояд. Ин буд, ки бо пешниҳоди Президенти мамлакат солҳои 2020 — 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» эълон гардид.
Дар ин замина дар факултети инноватсия ва телекоммуникатсияи Донишгоҳи давлатиии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон семинари илмии байнидонишгоҳӣ таҳти унвони “Муаммоҳои мубрами математика ва татбиқи он” баргузор гардид. Дар кори семинари илмии байнидонишгоҳӣ устодону олимони риёзидон аз муассисаҳои касбии олии вилоят иштирок намуданд.Зикр гардид, ки имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникиву рушди фанҳҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад. Маҳз бо ҳамин мақсад солҳои 2020-2040 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон карда шуд ва Ҳукумати мамлакат боварии комил дорад, ки ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.
Дар идомаи семинари байнидонишгоҳӣ доктори илмҳои физика-математика, профессори кафедраи фанҳои риёзӣ-табиатшиносии муосири ДДҲБСТ Саттор Байзоев доир ба ҳалли умумии як синфи системаи барзиёдмуайяншудаи муодилаҳо бо ҳосилаҳои хусусӣ маълумот дод.
Қайд гардид, ки баргузориии ин қабил семинарҳои байнидонишгоҳӣ барои мубодилаи таҷриба байни устодону олимони илмҳои мазкур ва роҳҳои ҳалли муаммоҳои ҷойдошта дар ин самт заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа






