Аъзоёни собиқи наҳзат бидуни зӯроварӣ умр ба сар мебаранд

Ман, устоди донишгоҳ, хамаи ин руйдодҳои ки Абдулло Раҳнамо дар мақолаи навистааст, шоҳид будам. Дар ҳақиқат солҳои 90-ум давраи вазбин барои Тоҷикистони азизи мо буд, ва дар он вахт як марде ҷавон ки натарсид тақдири давлатро ба зиммаи худ гузошт.

Солҳои 1992-1997,солҳои вазбинтарин барои давлатамо будан. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ҳаракат карда ҷанги бародаркуширо ба охир расонид ва сулҳро, чи хел дар Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ, ваъда дод, ба тоҷикистониён тинҷию оромӣ овард.  Зиёда аз 150 000 гурезаҳоро ба Тоҷикистон баргардонд. Баргардонидани мардуми тоҷикро факат баъди ба имзо расонидани шартнома байни Эмомалӣ Раҳмон  ва Саид Абдуллои Нурӣ дар шаҳри Қобул ва шаҳри Москва имконият пайдо кард.

Ягона талабот буд ки ҳамаи гурезаҳо бе яроқ ба Тоҷикистони азиз баргардан ва дар оянда зиндагии оромро давом тиян. Ягонтаи онҳоро ҷазо надодан ва баръакс ба хонаошон баргардонида ҳимоя кард давлат. То ҳол ягон намояндаи ТЭТ ҲНИ беҳуда ба ягон ҷавобгари кашида нашудааст. Ҳамаи онҳо тинҷу ором зиндагӣ карда истодаанд дар Тоҷикистони соҳибистиқлол.

Давлати мо –давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад ва ягон кас бегуноҳ ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. То ҳол ки акои Муҳиддин Кабирӣ, ки дар Тоҷикистон озодона зиндаги карда гаштааст ки ӯро ягон кас дашно наметияд. Ва дигар намояндаҳои ТЭТ ҲНИ, ки аз бари ин ташкилот бромада, ором зиндаги карда гаштиян, ба вайҳо ягон зӯроварӣ ва ягон фишор аз тарафи ягон кас нашуда истодааст. Баръакс, ба ҳамаи онҳо ки дар ҳақиқат фаҳмидан мақсади асосии ин ташкилоти экстремистӣ ва аз вай ташкилот дасти худошонро кашидан, давлат бехатаришонро таъмин карда истодааст.

Ин сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳар яке мо, шаҳрвандҳои Тоҷикистони азиз ҳамавақт дар ҳимояи давлат мебошем. Тинҷию оромии худро ҳеҷ вақт аз даст наметием ва ҳамавақт дар паҳлӯи Пешвои худ меистем ва Тоҷикистони азизи худро ба шукуфтанаш ҳаракат мекунем. Тоҷикистон ба пеш!

Тюраев Ҷ. – сармуаллими кафедраи

иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

You might also like