Омӯзиши осори Камоли Хуҷандӣ аз ҷониби донишҷӯён

Қадршиносии фарзандони фарзонаи миллат дар саргаҳи сиёсати фарҳангофари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ҷониби эшон пешниҳод гардид, ки соли 2020 дар сатҳи ҷаҳонӣ аз 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ таҷлил карда шавад.

Камоли Хуҷандӣ яке аз бузургтарин шоирони ғазалсарои қарни ХIV буда, дар таърихи шеъри ғиноии форсӣ-тоҷикӣ бо ғазалҳои рангину диловезаш мақому мартабаи хосаеро ишғол кардааст.

Дар факултети инноватсия ва телекоммуникатсияи донишгоҳ мизи мудаввар дар мавзӯи “Мақоми Камоли Хуҷандӣ дар адабиёти форсу тоҷик” баргузор гардид. Зимни баргузории чорабинӣ қайд карда шуд, ки Камоли Хуҷандӣ шоири ширинкаломи форсу тоҷик буда, дар ҳунари ғазалсароӣ бо шоирони машҳури форсу тоҷик аз ҷумла бо  Саъдиву Ҳофиз дар як мавқеъ қарор дорад.

Дар идомаи мизи мудаввар донишҷӯён дар мавриди ҳаёту фаъолият ва эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ баромад намуданд.

Камоли Хуҷандӣ дар даврони зиндагии худ, ҳамчун ориф ва шоир машҳур буд ва девони ӯ беш аз ҳашт ҳазор байтро дар бар мегирад. Дар ашъори ӯ рубоиҳо низ зиёданд, ки онро яке аз шогирдонаш тартиб дода, омода кардааст. Ғазал дар девони шоир ҷойгоҳи хосае дорад ва бештари осори ӯро ташкил медиҳад, қайд гардид дар мизи мудаввар.

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур эҳтирому арҷгузории бузургон ва омӯзиши кору пайкори мондагори онҳо маънидод карда шуд.

Қироати шеъру ғазалҳо аз ҷониби донишҷӯён ба чорабини ҳусни анҷом бахшид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like