Баргузории маҳфили илмии донишҷӯён дар мавзӯи “Интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ”

Дар фарҳанги давлатдории мо интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун анъанаи мардумсолорӣ шакл гирифта, нишонаи рушди демократия дар мамлакат мебошад, зикр гардид зимни баргузории маҳфиле, ки дар кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир гардид. Маҳфили илмии донишҷӯён “Интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ”  унвон дошта, устодону донишҷӯёни кафедраро ба ҳам овард. Дар маҳфил ҳамчунин намояндаи раёсати донишгоҳ  Зарина Самадова  иштирок кард.

Роҳбари маҳфил, сармуаллим Шарофиддин Солиев иброз кард, ки интихобот, ки унсури асосӣ ва зарурии сиёсат аст, дар рушди бемайлони ҷомеа нақш ва мақоми барҷаста дорад. Он ҳамчун раванди сиёсии ҷомеа баҳри ташаккули ниҳоди ҳокимияти давлатӣ – институти президентӣ аҳамияти хоса дорад.

Дар идомаи маҳфили илмии донишҷӯён бо номи “Интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ” донишҷӯён дар мавзӯҳои “Интихобот рукни асосии раванди демократисозии ҷомеа”, “Интихобот заминаи таҳкими низоми сиёсии ҷомеа” ва “Заминаҳои меъёриву ҳуқуқии таҳкими низоми интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯзаҳо ироа намуданд.

Зикр шуд, ки ҷомеаи мутамаддинро бе раванди интихоботи демократӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дар интиҳо мудири кафедраи сиёсатшиносӣ Шӯҳрат Саидзода иброз намуд, ки интихобот дар низоми демократӣ яке аз муҳимтарин падидаест, ки ифодаи ирода ва иштироки бевоситаи халқро дар идора кардани давлат таъмин менамояд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like