Намоиши қисми 5-уми филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”

23- сентябри соли равон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон қисми 5-уми филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” ба намоиш гузошта шуд. Донишҷӯёну устодон бо риояи ҳатмии талаботи беҳдоштӣ филмро тамошо карданд.

Муовини ректори донишгоҳ Мубина Хоҷаева нахуст баромад намуда, иброз дошт, ки дар шароити торафт мураккаб гардидани авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва вусъатёбии таҳдиду хатарҳои нав ба амнияти давлатҳо ва сокинони сайёра, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ шумо-ҷавонон бояд ҳушёру фаъол ва барои ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату халқи худ ҳамеша омода бошед.

Сипас,донишҷӯён филмро тамошо карданд. Дар филми мустанади «Хиёнат» кирдорҳои нобахшидании сарвар ва аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) комилан фош карда шудаанд. Филми мазкур дар асоси далелҳои радношаванда, шоҳидии иштирокчиёни ҳодисаҳо ва маълумоти бойгонӣ омода карда шудааст. Таҳиягарони филм тавонистаанд, ки ба амалҳои ҳизби собиқ ва аъзои хиёнатпешаи он баҳои дуруст дода, манзараи таърихи сиёсии кишварро мунсифона тасвир намоянд.

Мутахассиси шуъбаи тарбияи донишгоҳ Маъруфҷон Ҳасанов пас аз тамошои филм иброз кард, ки дар  филм доир ба амалу кирдорҳои нангини хоинони миллат, бахусус роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнўи Ҳизби наҳзати исломӣ, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири дастрасӣ ба манфиатҳои шахсию гурўҳӣ, бо дастгирии хоҷагони хориҷии хеш бар зидди давлату миллати тоҷик анҷом додаанд, ҳикоят мекунад.

Аз тамошои филм бараъло маълум мегардад, ки рафтору кирдори пайравони ТТЭ ҲН, ки дар ҳеҷ лаҳза сиёсати давлати соҳибистиқлоли моро чашми дидан надоштанду ҳанўз ҳам дар хориҷ аз кишвар ба хотири манфиати худу пиёда намудани амалҳои ғайриинсонии хоҷагони хориҷии хеш бо зўроварию хиёнат ба пойдевори амну суботи Тоҷикистони азизамон рахна задан мехоҳанд, бо далелҳои шайъи исбот гардидааст. Ёдовар мешавем, ки қисмҳои пешни филми мазкур низ дар дарсҳои тарбиявиву сотаҳои кураторӣ ба таври васеъ мавриди намоиш қарор гирифта буд.

Ҳамчунин дар назар аст, ки қисми 5-уми филми мазкур дар синфхонаҳои алоҳидаву толорҳои факултетҳои донишгоҳ дар соатҳои тарбиявӣ ба намоиш гузошта шавад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like