Маъракаи муҳими сиёсӣ
Дар замони муосир интихобот яке аз воситаҳои асосӣ ва қонунии иштироки шаҳрвандон дар ташаккули мақомоти ҳокимияти давлатӣ маҳсуб меёбад. Шаҳрвандон ҳангоми иштирок дар интихобот яке аз ҳуқуқҳои асосии сиёсии худро дар амал татбиқ менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар давлатҳои тараққиёфтаи ҷаҳон роҳи рушди демократиро пеш гирифта, дар самти амалан татбиқ намудани ҳуқуқи асосии шаҳрвандон – ҳуқуқи ба таври озод интихоб намудан ва интихоб шудан ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки ҳалқ воқеан манбаи ҳокимият буданашро собит менамояд. Моддаи 27 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ба таври озод интихоб намудан ва интихоб шуданро барои шаҳрвандон кафолат медиҳад.
Санаи 11 октябри соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи навбатии президентӣ баргузор мегардад. Мувофиқи маълумоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихобот панҷ номзадҳо аз Ҳизбҳои халқӣ-демократӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, аграрӣ, коммунистӣ ва сотсиалистӣ барои ишғоли мансаби Президенти Тоҷикистон иштирок мекунанд.
Бояд зикр намуд, ки барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон аз Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонон ва ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама таҳким бахшидан ба сармояи инсонӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табии мамлакат ва баланд бардоштани рақобатнокии иқтисодӣ миллӣ ба шумор мераванд, ки дар маҷмӯъ барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум роавона карда шудаанд.
Солҳои охир кишвари мо ба як қатор дастовардҳои бузург дар тамоми соҳаҳо ноил гардид, ки пеш аз ҳама аз сиёсати дуруст ва оқилонаи ҲХДТ ва Раиси он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далолат медиҳад. Аз ин лиҳоз, мо итминон дорем, ки ҲХДТ минбаъд низ созандагиву ободкориро мароми худ қарор дода, барои боз ҳам баланд бардоштани шарту шароити зиндагии мардум, рушди босуботи кишвари азизамон саъю кӯшиш хоҳад намуд.Итминон дорем, ки мардуми бонангу номуси кишвар дар маъраки интихоботии дарпешистода фаъолона иштирок хоҳанд намуд ва ба ҳамин васила бори дигар собит хоҳанд кард, ки дорои маданияти сиёсии баланд ҳастанд ва нисбати ояндаи давлату миллат бетераф нестанд.
Муртазоқулоав М. – н.и.и., дотсенти
кафедраи ТИК ва Б-и ДДҲБСТ