Зиндагии шоиста аз интихоби мост!

Тибқи нақшаи чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд имрӯз дар маҷлисгоҳи Донишгои давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо иштироки Мусоева Рафиқа Ғаниевна-ходими ҳизбию давлатӣ, собиқадори меҳнат, иштирокчии бевоситаи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сатториён Матлубахон Амонзода- раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Наим Маликисломӣ- раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, ҷавонон, занон, собиқадорон, аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муаррифӣ ва тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки саросар рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии мамлактро дар бар мегирад, баргузор гардид.

Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ мулоқотро оғоз карда, меҳмононро ба иштирокчиён шинос ва ҳадафи вохӯриро баён кард.

Сипас, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Матлуба Сатториён дар мавриди барномаи пешазинтихоботии раиси ҲХДТ ибрози андеша намуд. Номбурда афзуд, ки барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президентӣ ҷадид тарҳрезӣ шуда, бо хусусиятҳои воқеъбинона аз барномаҳои қаблӣ фарқ мекунад. Инчунин ишора шуд, ки дар арафаи воқеаи муҳими сиёсӣ-интихобот мо бояд ҳушёрниву зиракии сиёсиро аз даст надода, нисбати амалҳои гурӯҳҳои манфиатҷӯй бетараф набошем.

Дар рафти баргузории мулоқот ходими давлативу сиёсӣ Рафиқа Мусоева, ки худ аз аввали соҳибистиқлолии ватани азизамон ҳамсафи Пешвои муаззами миллат гардида, аз рӯзҳои мудҳиши ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва то имрӯзи осоишта суханронӣ намуда, заҳматҳои шабонарӯзии фарзонафарзанди миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба аҳли толор ёдрас намуд.

Ҳамчунин дар мулоқот ректори ДДҲБСТ, шахси боэътимоди номзади арзандаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муъмин Шарифзода баромад намуда, дар мавриди саҳифаҳои таърихи миллат ҳарф зад. Қайд шуд, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат рушд намуда, дастовард дар ҳама соҳаҳо ба назар мерасад ва сатҳи зиндагии мардуми тоҷик бамаротиб боло бурда шуд. Муъмин Шарифзода илова кард, ки ҳадафи барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ бунёду истифодаи корхонаҳои хурду бузург, таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, дар умум таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад.

Дар интиҳо бо итминон гуфта шуд, ки бо назардошти хизматҳои шоиста, ҳадафҳои барномаи пешазинтихоботӣ  ва эътимоду боварӣ мардум номзади арзандаи худро интихоб менамояд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like