ДДҲБСТ: Лоиҳаи ҷадид баҳри пешгирӣ аз Ковид-19

Бо мақсади пешгирӣ аз бемории ҳамагири Коронавирус иштирокчиёни барномаи Пешсафи Озмоишгоҳи инноватсионии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҷҳизоти дигари безараркунанда ихтироъ намуданд. Ихтирои ҷадид, Дастгоҳи безараркунандаи лавозимоти конселярӣ унвон дошта, он метавонад тамоми лавозимоти консеклярӣ аз қабили ручкаву дафтар, мактубу дигар ҳуҷҷатҳоро аз тамоми вирусу микробҳо безарар гардонад.
Бино ба маълумоти ихтирокорон ин дастгоҳ аз ҷевон, лампаи безараркунанда (ултрофеолетӣ) шамолдеҳ (вентилятор) ва дастгоҳи ҳавотозакунӣ (гафрӣ) иборат буда, тариқи барқӣ фаъолият мекунад.
Дар рӯзҳои паҳншавии бемории Ковид-19 ихтирои чунин дастгоҳу таҷҳизот баҳри пешгирӣ аз паҳншавӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад. Ҳамарӯза шаҳрвандон аз мактубу ҳуҷҷатҳои гуногун истифода мебаранд ва ихтирои чунин дастгоҳ барои безараргардонӣ саривақтӣ ба ҳисоб меравад.
Бино ба маълумоти мутахассисон ҳангоми гузоштани мактуб ё дигар ҳуҷҷатҳои лозима нурҳои ултрофеолетӣ вирусу бактерияҳоро нобуд сохта, ба сифат лавозимоти гузошташуда таъсир намерасонад.
Ёдовар мешавем, ки ин дуввумин ихтирои иштирокчиёни барномаи Пешсафи Озмоишгоҳи инноватсионии ДДҲБСТ мебошад, ки дар аҳди Ковид-19 сохта шуд. Дастгоҳи нахустин Санитайзер унвон дошта, он моҳи май мавриди истифода қарор гирифта буд.
Барномаи соҳибкории иҷтимоии Пешсаф дар ҳамкорӣ бо Дафтари Хазинаи кӯдакони CММ тавассути Озмоишгоҳи инноватсионии донишгоҳ амалӣ гардида истодааст.

You might also like