Ҷомеаи меҳнатии ДДҲБСТ ба ҳашар баромаданд

12 сентябр беш аз 200 нафар кормандон ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ҳашари шанбегӣ баромаданд.
Дар асоси дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади таъмини ҳолати санитарию гигиенӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва дар сатҳи баланд истиқбол намудани 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни ҳашар нахуст атрофи биноҳои асосиву таълмӣ ва роҳраву даромадгоҳоро аз ҳаргуна алафҳои худрӯю партовҳои гуногун тоза намуданд.
Ҳамчунин дар ин рӯз меҳнаткашон аз назди бинои асосӣ то ба саҳни Маркази саломатии №5-и шаҳри Хуҷанд канори роҳу ҷуйбор ва поёни дарахтони ҳамешасабзу ороиширо тозаву озода гардониданд
Тозаву озода нигоҳ доштани муҳит ва ба корҳои ободониву созандагӣ даст задан дар донишгоҳ ба ҳукми анъана даромада, минбаъд низ чунин корҳои тозаву озоданамоӣ идома хоҳад кард.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

 

You might also like