Паём раҳнамои имрӯзуфардои ҷомеа

Падидаҳои раҳгумкардагон нисбати миллати тоҷик ғаразнок ҳисобида мешаванд. Гарчанде ҳамаи комёбиҳои аз рӯи нишондиҳандаҳои омори дар ҳама самт фаро мегирад. Лекин ин раҳгумкардагон нисбати пешравии миллати тоҷик монеъаҳои зиёдро ба вуҷуд меоранд, ки ин сабабгори нодуруст дарк кардани баъзе табақаҳо ҷомеа ба миён меояд. Вобаста ба ин баъзе самтҳои пешравии кишварро дар даврони истиқлолият таҳлил намуда барои шахсони маърифаташон заиф пешниҳод карданием то ин ки дарк кунанд, ки Тоҷикистон ба монанди кишвар ҷавон дар солҳои кӯтоҳтарин ба дастовардҳои зиёд ноил гаштааст.

Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26-уми декабри соли 2019 ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки оид ба “баробар кардани сатҳи андозбандӣ бо шарикону асосии иқтисодиву тиҷоратӣ ва давлатҳои ҳамсоя” пешниҳод манзур намоянд.

Аз 18 намуди дастгирии давлатии дар боло зикр гардида дар кишварамон 7-тои онҳо қисман ё пурра истифода мешаванд. Боқимонда ё вуҷуд надоранд, ё дар раванди татбиқанд. Масалан, татбиқи лоиҳаи ҳукумати электронӣ имкон медиҳад, ки бақайдгирии интернетии субъектҳои соҳибкорӣ, хизматрасониҳои интернетии низоми кадастри моликияти ғайриманқул ва низоми электронии иҷозатнома амалӣ шаванд.

Яке аз чунин тадбирҳо ин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъсиси грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020 тасдиқ карда шуд, ки тибқи он дар ин муддат ҳар сол 80 грант таъсис дода мешавад. Инҳо 20 гранти иборат аз 40 ҳазор сомонӣ, 20 гранти бо 20 ҳазор сомонӣ ва 20 гранти иборат аз 10 ҳазор сомонӣ хоҳад буд. Илова бар ин дар Тоҷикистон чор минтақаи озодии иқтисодӣ таъсис дода шуда, дар минтақаҳо барои фаъолияти васеъи иқтисодӣ, молиявӣ, тиҷоратӣ, иттилоотиву хизматрасонӣ ва монанди инҳо шароити мусоиди имтиёзӣ фароҳам оварда шудааст.

Салимова М. – н.и.и., дотсент, мудири

кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ

You might also like