Изҳороти кафедраи забони англисӣ оиди пешгирии шомилшавии ҷавонон ба сафи ташкилотҳои ифротӣ
Шинохту тарғиби арзишҳои маънавӣ, моддӣ ва умумифарҳангии миллат, таҳкиму устувор нигоҳ доштани истиқлолияту ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ва эҳтиром ба таърих, забон, фарҳанг, адабиёт, дин, расму ойин, ҷашнвораҳо, анъанаҳо ва тамаддуни он аз ҷумлаи ҳифзи манфиатҳои миллату давлат маҳсуб меёбад.
Ҷавоне, ки ба ҳадди худшиносӣ мерасад, умед аст, ки аз гирдоби пурпечутоби ҷаҳони имрўза, падидаҳои номатлуб, ба хусус аз фитнаву фиреби гурўҳҳои ифротиву даҳшатфикан дар амон мемонад. Яке аз омилҳои дигаре, ки метавонад ҷавонон ва насли наврасро аз шомилшавӣ ба гурўҳҳои ифротиву иртиҷоӣ нигаҳ дорад, ин фаро гирифтани донишҳои ҳуқуқиву сиёсӣ мебошад. Ҷавононро лозим аст, ки илму донише, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ омўзонида мешаванд, ҳамаҷониба омўхта, маърифату фарҳанги сиёсии худро такмил намоянд. Мо омӯзгорон дар ин раванд бетарафиро ихтиёр накарда, ҳамарӯза дар машғулиятҳои таълимӣ толибилмонро ба роҳи рост тарғиб менамоем.
Аҳли кафедраи забони англиси ДДҲБСТ