Нигоҳи ғаразноки Паймони фисқу фасод ба Тоҷикистони соҳибистиқлол!
Солхои 90-уми асри гузаштаро ба хотир орем, худ як дарсе барои сокинони ҷумхурӣ аст. Чунки бо як чашмакзании руҳониёни наҳзатӣ ва дастгирии бевоситаи хаммаслаконаш аз хисоби аъзоёни ТЭТ ҲНИ дар кишварамон чанги шахрвандӣ ба вукуъ пайвасту хазорхо сокинони бегунох кушта шуда, бе хонаву дар ва дар кишвари бегона гуреза шуданд.
Дар навбати худ роҳбарияти наҳзат ва дигар хаммаслаконашон дар хоричи кишвар дар панохи хочагони хоричии худ “панах” ёфтанд. Имруз бошад, Мухиддин Кабирӣ дар хоричи кишвар карор дошта, боз ягон накшахои гаразноки хешро бо дастгирии хочагони худ тархрезӣ намуда, ба сулху суботи кишвари азизамон Точикистон мехоханд халал эчод намоянд. Бояд зикр намоям, ки дигар мардуми точик чунин суистифода аз боварихои диниро пушти сар кардаанд ва намехоханд ба хотири кадом як охунди мансабталабу чоххох такдири дину миллати худро ба гарав гузоранд. Бояд таъкид намуд, ки баста шудани бинои Раёсати олии ТЭТ ҲНИ дар шахри Душанбе ва бархам додани ин хизб дар каламрави кишвар кобили максад аст. Мо бояд шукронаи Истиклолияти кишвар кунем ва барои гул-гул шукуфии он кушиш намоем, на аз кафои кадом як хочагони хоричи шавему мансабталоши кунем.
Аъзоёни Хизби Наҳзат, ки даъвои Ислому Худошиносӣ мекунанд ва аз номи дин сухан меронанд, ба гайр аз ба дасти худ гирифтани хокимият ва мансаб дигар максад надоранд. Дар асл ин шайтонсиратон на ба Худо кор доранд ва на ба Расул ва ин мукаддасоту покиро танхо барои ноил шудан ба максадхои нопоки худ истифода мебаранд. Агар дар вучуди пайравони ТЭТ ҲНИ акалан як зарра имону инсоф мебуд, ба хуни ин кадар мардуми точик зомин намешуданд. Имрўз бо фитнахои сиёсии худ боз мехоханд ба сари мардуми точик нокомиву бадбахти, куштору кашшоки ва гуруснаги оварда, худашон шоху табъашон вазир шавад. Вале мардум имрўз дигар мардуми солхои 90-ум нест, ки ба фитнахои ин тоифа бовар кунад.
Хушбахтона 29 сентябри соли 2015 аз чониби Суди Олӣ ТЭТ ҲНИ-ро хамчун ташкилоти ифротгарои эътироф намуда, фаъолияташ дар тамоми кишвари мо бархам дода шуд.
Ҷӯраев Ф.М. – н.и.и., дотсенти кафедраи
иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ