ДДҲБСТ: дар мубориза бо COVID-19 талош меварзем!
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Ситоди донишгоҳии мубориза бар зидди бемории сироятӣ, ки бевосита ректори донишгоҳ профессор Шарифзода Муъмин Машокир онро роҳбарӣ менамояд, аъзоёни ситод дар шаҳри Хуҷанд корҳои фаҳмондадиҳӣ ва безараргардониро вусъат мебахшанд.
Ҳамарўза, аз ҷониби аъзоёни ситод ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятӣ (COVID-19) дар микроноҳияҳои шаҳри Хуҷанд, хонаҳои баландошёна, истгоҳи нақлиётӣ, майдончаҳои варзишӣ, кӯчаву хиёбон, маѓозаҳо ва роҳраву нақлиёти ҷамъиятӣ варақаҳои иттилоотии пешгирикунанда аз бемориҳои сироятӣ насб гардида, навъҳои гуногуни маҳлулу моеҳои зиддивирусӣ, ниқобҳои яккаратаву бисёркарата ва дигар ҷиҳозу маҳсулоти зарурии пешгирикунанда тақсим гардида, маҳлулҳои безараргардонӣ пошида мешавад.
Инчунин, дар раванди тадбирҳои амалишуда дар роҳи пешгирии бемории сироятӣ ҷиҳати паҳн кардани иттилоот оид ба пешгирии пайдоиш ва паҳн гардидани сироят, паст намудани таҳлука, омодагӣ ба ҳолатҳои фавқуллода мунтазам устодони донишгоҳ ба мусоҳибаи шабакаи телекизионии вилоятӣ ва маҳаллӣ сафарбар шуда истодаанд.
Қобили тазаккур аст, ки ҳисси ватандўстиву меҳанпарастӣ водор месозад, ки имрўз бо талош, муттаҳидӣ, иродаи қавӣ ва умед ба беҳдошти ҷойҳои ҷамъиятӣ ва оила камари ҳиммат бандем.
Раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки дар пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятӣ тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда, заррае бошад ҳам дар беҳдошти саломатии ҷомеа саҳми худро мегузорад.
Шуъбаи тањлил ва робита ба ҷомеа

















