Арзиши аслии наҳзат – пул!
Терроризм ватан, забон, наҷод ва дин надорад. Ин бадбахти оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст – ин нуктара борҳо Сарвари давлат аз минбарҳои баланди созмонҳои ҷаҳонӣ қайд намудаанд.
Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Айнӣ замон марбут ба амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағ-гузори онҳо ба мушоҳида мерасад.
Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин таҳдиду талошҳо омадааст: «Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст.
Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад».
Давлати тозабунёди мо дар меҳвари сулҳу осоиштагӣ ва баробарҳуқуқии шаҳрвандон, ибрати ҷомеаи ҷаҳонӣ дар таъмини амнияти босуботи миллӣ гаштааст.
Муттаасифона, шахсоне ёфт мешаванд, ки амнияти кишварро халалдор намуда, ба ҳаёти осоиштаи мардум хавфу хатари ҷиддӣ таҳдид манамоянд. Ин ашхосон (наҳзат ва ёрони ӯ) сабаби ба амал овардани ҳодисаҳои нангине, ки бар асари он шаҳрвандони бегуноҳ талаф меёбанд, ҳамчун амалҳои хиёнаткоронаи афродони хатарнок ба ҷомеи шаҳрвандӣ мансубёфта мебошанд. Барои мардуми фурӯхташудаву хоин, ки асли арзиши онҳоро пул ташкил медиҳад, ҳеҷ гуна муқаддасот ва арзиш вуҷуд надорад. Онҳо ғуломи пулу сармоя гашта, фақат ба роҳи дурӯғпардозӣ бо мафҳумҳое, ки арзишҳои баланди инсониро ифодагаранд, бозӣ мекунанд. Ин нукта бевосита ба фирориёни дар хориҷ паноҳбурдаи ташкилоти террористӣ – экстремистии Паймони миллӣ марбут аст.
Ин гурӯҳи авомфиреб, ки бозичаи дасти бегонагонанд, барои таъсир расондан ба мафкураи мардум ва бесубот кардани вазъи иҷтимоӣ дар дохили кишвар аз хоҷагони берунаашон пулу сармоя меситонанд ва мехоҳанд ҳадафу мақсадҳои нопоки онҳоро бароварда кунанд. Ҳанӯз дар оғози Истиқлолияти давлатӣ саркардагони ин ҳизби террористӣ бо пулу сармояи хоҷагони хориҷиашон ба сари мардуми тоҷик бадбахтии азимеро оварданд, ки боиси ҳалокати беш аз 150 ҳазор одамон гардид. Кишварро харобу валангор намуда, давлатро дар садади нобудӣ қарор доданд. Барои ин гурӯҳ на истиқлолият, на давлат ва на миллат арзиш надоранд. Барои инҳо танҳо як арзиш – ба нархи ҷони дигарҳо ва ба нархи давлату миллат ба даст овардани сармоя ва иҷро кардани ҳадафҳои сармоягузор аст. Ҳарчанд дар расонаҳои хеш ин гурӯҳ даъво доранд, ки гӯё инсонҳои озода ва аз ҳеҷ кас вобаста нестанд ва танҳо ба хотири дифоъ аз арзишҳои миллӣ корҳоеро анҷом медиҳанд, аммо ин танҳо сароб, дурӯғ ва тавтеа асту бас. Пушти даъвои ҳангомаҳои ин гурӯҳи сайёд пулу манфиатҳои бегона қарор мегирад.
Дастандаркорони фирории ҳизби террористӣ ва мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ, ки дар кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурдаанд, бо ҳар роҳу восита махсусан, тариқи роҳандозии хабару мақолоти муғризона сиёҳ кардани давлату миллати тоҷикро ҳадафи хеш қарор додаанд. Онҳо тариқи пахши ахбори муғризона худро нафарони адолатпешаву ҷоннисори миллат намоиш медиҳанд. Ҳол он ки воқеияти талхи рӯзгори ахир нишон додааст, ки вопасгароии ҷомеа ва таассубу хурофотзадагии он аз назариёти ақибафтодаи онҳо маншаъ мегирад
Ҷинояткории вазнин ва амалҳои душманонаи хоинони дар хориҷа таълимгирифта, терористони хунхор, аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ, аз тарафи мақомотхои қудратии кишвар саривақтӣ фош карда мешаванд. Онҳо бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ кӯшиши дар Тоҷикистон табадулоти давлатӣ ба вуҷуд оварданро доранд, хушбахтона бо ҳушёриву зиракии аъзоёни мақомоти қудратии дахлдор ба мақсадҳои нопоки худ намерасанд.
Солхои охир аъзоёни Паймони миллӣ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ доштаро содирнамуда, дар байни аҳолӣ, бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехта, боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъияти мегардиданд.
Дар мақолаи муҳаққиқони варзидаи ҷомеаи мо Азимҷон Раҳмонзода, Зиёев Субҳиддин ва Фирдавс Мирзоёров зери унвони “Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус” бори дигар ба симои аслии наҳзат, паймони миллӣ ва Кабириву ёронаш баҳои объективона дода шуд. Ҳангоми мутолаи мақолаи мазкур метавон пай бурд, ки бо далелҳои илмиву мантиқӣ муаллифони мақола тавонистанд душманро ба ҳолати “загрузка” оварда расонанд.
Дар ҳошияи мақолаи “Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус” ба шаҳрвандони мамлакат муроҷиат намуда, даъват ба амал меорем, ки онҳо низ аз ин гуна хизбу харакатхои тундрав ва террористию экстремистӣ дохил нашаванд, хаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд. Барои мардуми тоҷик ҷанги шаҳрвандӣ як дарси ибратомуз мебошад, ки ҳеч гоҳ аз гӯшаи хотираҳояшон фаромӯш нахоҳанд кард. Халки тоҷик намехохад, ки дигарбора ба доми найрангу фиреби шахсони айёрпеша ва хоин ба мисли Муҳидин Кабирӣ гирифтор шаванд.
Ҳакимова М.М. – н.и.ф., дотсенти
кафедраи забони англисии ДДҲБСТ