Ватанпарастони ба ном!
Мақсади чунин номгузори шудани мақолаи мазкур ин пеш аз ҳама ба шахсиятҳое, равона карда мешавад, ки худро ба забон “ватанпараст” мешуморанду дар асл барои ободиву шукуфоии ватани худ заррае ҳам кӯшиш ба харҷ надодаанд. Баръакс бар хилофати он нафароне, ки барои ободии ин ватан ҷонфидоиҳо менамоянд, зиддият нишон медиҳанд ва бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои Интернетӣ бар муқобили онҳо росту дурӯғ суханҳо мегӯянд.
Аз ин лиҳоз мардуми шарафманди кишвари маҳбуби моро зарур аст, зиракиро аз даст надиҳанд ва таҳлил намудани каломҳои дида ва шунидаашро ба пуррагӣ ҳазм намуда, паҳлӯҳои ҳама суханҳоро санҷида дақиқияти онро то ба охир исбот карданро омӯзанд.
Зиндагии шоистаи имрӯзаи мардуми мо аз амалҳои созандаву бунёдкорона ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон вобастагии зиёд дорад. Ба ҳар сурат шахсиятҳое пайдо мегарданд, ки аз зиндагии осудаи мардум нороҳатанд ва барои ноором кардан байни ҷомеа хуруфотҳо меангезанд. Мардумро ба корҳои зишту фисод даъват менамоянд, аз нодониву камхирадии бархе аз фардҳо истифода намуда ба истилоҳ “бо дасти онҳо” мехоҳанд бар кишвар ва ҳокимияти он зарар расонанд. Мухолифин аз нодониву камхирадӣ омодаанд то ватани маҳбуби худро бар ивази маблағи ночиз фурӯшанд. Онро фикр намекунанд, ки дар ин кишвар дӯсту рафиқон ва наздикону ҳамдиёру ҳамзабонони онҳо иқомат мекунанд. Аз ҷумлаи чунин шахсиятҳо метавон Мухиддин Кабирию ҳамаслаконӣ ӯро шуморид.
Мухиддин Кабирӣ яке аз шахсиятҳоест, ки нону намаки ин миллатро хурда, бар хилофи сиёсати пешгирифтаи ҳукумати ин диёри фарҳангдуст баромадааст. Ӯ бо ҳамроҳии хизби нахзати, ки яке аз ташкилоти экстремистию террористӣ шомил шуда гӯем ҳам хато наҳоҳем кард, ном бурда мешавад. Аз нахуст рӯзҳои фаъолияти онҳо маълум буд, ки ба ин миллату сарзамини ачдоди нигохи нек надоштанд.
Халқу миллати тоҷик ба ин гуфтаҳои бардурӯғи Кабириву ҳамаслаконаш бовар намекунад. Имрӯза ҷавонони тоҷик хеле хуб дарк карданд, ки Пешвои миллати тоҷик барои давлат чӣ ҷонбозиҳо кардаанд ва ҷавонон ба пешравию ободии ватан кӯшиш мекунанд. Ба ҳаргуна суханҳои бардурӯғ бовар нахоҳанд кард ва хоҳони он нестанд, ки ҳар ватанфурӯше берун аз Ватан барои ободии ин диёр сухан кунад. Бигзор агар фарди дилсӯз барои Ватан бошад, омада дар назди халқу миллат бо кирдору рафтор Ватанпарастии худро нишон диҳад. Он суханҳое, ки иброз медорад аз каломи худаш бошад на аз оне, ки дигарон навишта баҳри ӯ хононанду сухангӯиро барояш ёд бидиҳанд. Мардонавор омада дар қатори мардум истода “сангеро ба болои санг мондан” ин аст Ватандориву ватанпарастӣ на оне, ки бо каломи аз бегонагон навишташуда сухан кардан.
Дар мақолаи муҳаққиқони варзидаи миллати мо Азимҷон Раҳмонзода, Зиёев Субҳиддин ва Фирдавс Мирзоёров зери унвони “Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус” дар шабакаи иҷтимоӣ рӯи нашр омад, бе муболиға дар мақолаи таҳлиливу бунёдии мазкур ҷанбаҳои асосии фаъолияти кунунии мухолифини миллат мавриди таҳлили ҳамаҷониба кашида шудааст. Хушбахтона аксари расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро мақолаи “Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус” фаро гирифт, ки ин бешубҳа аз ҳамовозии қишрҳои гуногуни ҷомеа дарак медиҳад. Ва мо ҳам бо як овоз мақолаи мазкурро ҷонибдорӣ мекунем.
Бисёр замони баҳсу мунозироти иттилоотӣ аст, аз ин рӯ ба кулли ҷавонон ва умуман мардуми шарафманди диёри биҳиштосоямон Тоҷикистон гуфтаниям ба фиребу найранги бархе аз фардҳое, ки афзалиятҳои худро аз аз манфиату сиёсати пешгирифтаи давлат боло медонанд фирефта нашаванд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва доим барои шукуфоии кишвари азизу маҳбуб саъю кӯшиш намоянд.
Бобозода А.А. – ассистенти
кафедраи технологияҳои
иттилоотию коммуникатсионӣ
ва барномарези ДДҲБСТ