Муроҷиат ба ТЭТ ҲНИ: рашку ҳасад вайрониро меорад
Як гурӯҳи мардум имондории худро ба ин бренди сиёсӣ пайваст карда, ҳамчун мусулмони комил нишон додани шуда, дар ҷомеа тафриқа андохта, дар кишвари мо низ ҳамин барномаро бо таъсис ва дастгирии ТЭТ ҲНИ амалӣ намуданд.
Пас маълум мешавад, ки ТЭТ ҲНИ як ҳизби дохили набуда, бо системаи ҷаҳонии ҳаракатҳои исломӣ пайваст буда, ҳамкориҳои ояндаи онҳо дар сатҳи байналмилалӣ метавонад дар бозиҳои сиёсӣ нақши манфӣ дошта бошад. Ғояи вуҷуд доштани бахши ҳуқуқ доир ба ҳифзи фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои динӣ- сиёсӣ дар Ғарб ва Амрико аз он шаҳодат медиҳад, ки аз ҷониби ин созмонҳо ТЭТ ҲНИ ҳамчун аввалин намуна дар минтақа аст. Бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва мардум амнияту оромй дар кишвар таъмин ва Созишномаи сулҳ ба имзо расид. Тибқи талаботи Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ фаъолияти расмии сиёсии ин ҳизб мебоист дар доираи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, қонунҳои дигари амалкунанда ва оинномаи ҳизби зикршуда баҳри таҳким бахшидани дастовардҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию динӣ ва ташаккули ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ошкоро ва шаффоф ба роҳ монда мешуд. Пекин пас аз фавти роҳбари ҲНИ Саид Абдуллоҳи Нурӣ роҳбари нав интихобшудаи ҲНИ Кабирӣ бо маслиҳати пешакӣ бо аъзоёни Раёсати олии ҳизб ва як зумра аъзоёни қатории он, аз рӯи ғарази сиёсӣ бо мақсади дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо намудани давлати исломӣ ва бо роҳи муборизаи мусаллаҳона тағйир додани сохти конститутсионии онро яке аз самтҳои фаъолияти сиёсии ҲНИ муқаррар намуданд.
Аз ин хотир Кабирӣ аз амалҳои ҳангомаҷӯёна ва пахши изҳоротҳои беасосу иғвоангезона худдорӣ карда, нокомии худро дар арсаи сиёсат эътироф карда наметавонад. Кабирӣ дар Аврупо бо маблағҳои хоҷагони худ рузгори серу пури худро ба роҳ мондааст ва хуб медонад, ки дар сурати ин амалҳои ҳангомаҷуёнаи худро хотима бахшидан хоҷагонаш маблағгузории ӯро низ хотима мебахшанд. Аз ҳамин сабаб ӯ низ дигар илоҷе надорад.
Имрӯз тамоми ниҳодҳои давлатӣ фаъолияти босамар дошта, барои пешгирӣ кардани чунин амалҳо ҳам имконияти низомӣ ва ҳам ғурури миллӣ доранд.
Бинобар ин оғоз намудани корҳои тафтишотӣ алайҳи раёсати ҲНИ ҳамчун сарпарастони ин хиёнат аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон як амали муқаррарӣ буда, аз ин ҳангомаҳои расонаи бардоштан, танҳо худсафедкунӣ мебошад. Афсонаҳои солҳои 90-уми асри гузашта дигар доми фиреб шуда наметавонанд, мардум диди сиёсии пешрафта доранд ва ба дуруғу ваъдаҳои ҳизбиён дигар бовар надоранд, ки ин ҳолатро ба мардум фаҳмонда тавонистан, муваффақияти калони низоми давлатдорй мебошад.
Барои исёни мусаллаҳонаи Ҳизби наҳзати ислом ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоби сазовор буд, зеро таъмини амну субот дар кишвар аз манфиати ҳамагуна ҳизб болост.
Дар ин радиф ҳанӯз зимни мусоҳиба бо масъули Радиои Озодӣ соли 2013 роҳбари ҳизб Кабирӣ дар матлаби “Муҳиддин Кабирӣ: Наҳзати исломӣ бо ҳамин ном хоҳад монд” иброз дошт, ки “мо тасмими иваз кардани номро надорем ва зарурат ҳам нест”. Яъне бори дигар собит гардида буд, ки инҳо маҳз бо сӯйистифода аз номи дини мубини ислом мехоҳанд амалҳои разилонаи хешро ба анҷом расонанд. Чун дар тинату сиришти ин тангназарони кӯрдил нопокиву разолат ҷой дошт боз аз таҷрибаи талхи таърих ибрат нагирифта, соли 2015 даст ба амалиёти мусаллаҳонаи ҳоҷӣ Ҳалим пардохтанд ва ҳамин тариқ бо роҳандозии ошӯби мусаллаҳонаи ҳоҷӣ Ҳалим моҳи сентябри соли 2015 фаъолияти ҳизби наҳзати ислом дар кишвар ҳамчун ташкилоти экстремистӣ-террористӣ манъ карда шуд.
Бо манъ гардидани фаъолияти ҳизб дар кишвар Кабирӣ ҳамеша дар хориҷ даъвои ҳимоят ва пуштибонӣ аз наҳзат мекард ва ҳамаи масъалаҳои марбут ба фаъолияти ташкилоташро интихоб ва ё андешаи аъзоёни ӯ медонист. Ҳар тадбире, ки ин ташкилоти тахрибкор амалӣ мекард онро Кабирӣ набалки андешаи шахсии худ, балки андешаи аъзоёну пайравони ТЭТ ҲНИ медонист. Ҳамеша Кабирӣ ҳизби наҳзатро ба хотири ислом дифоъ мекард ва бо ин ном ва ба хотири ҳимояву дифоъ аз ислом аз хоҷагони хориҷӣ маблағ меситонид.
Тасмими ахири Кабирӣ дар мавриди даст кашидан аз раҳбарии ТЭТ ҲНИ бори дигар собит намуд, ки Кабирӣ на парвои наҳзат ва ҳатто на парвои ислом дорад ва барояш на наҳзат ва на ислом ягон арзиш надоранд, балки барои ӯ аз кадом хоҷае бештар манфиат расад ӯ чамбаракашро ба сӯяш шитобон метобад.
Нуктаи назари дигар дар ин маврид мавҷуд аст, ки ҳанӯз бо ба сафи мухолифин пайвастани хоини миллат Алим Шерзамонов дар сари Кабирӣ андешаи таъсиси созмон ва ё паймони наве, ки дар он номи ислом набошад сар зад. Ва ниҳоят бо фитнаандозиву нафратгароӣ Шерзамонов тавонист Кабирӣро ҳамчун исломситез ва пойбанди пулу мол нишон диҳад. Гумон мекунем ва итминон дорем, ки акнун рӯзҳои сахт Кабирӣи динситези мазҳабфурӯшро дар пеш аст, зеро исломро Худованд аз чунин разилон ҳифозат мекунад ва ҳар кору пайкоре, ки пинҳону ошкоро мекунанд Худованд аз ӯ огоҳ аст.
Рауфов М.М. – ассистенти кафедраи
назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ