Изҳороти кафедраи андоз ва андозбандӣ нисбати сӯҳбати онлайнии Кабирӣ оиди короновирус
Имрузҳо симои аслии Муҳиддин Кабирӣ маълум ва мардуми Тоҷикистон ӯро ҳамчун як нафари хоин, ватанфурӯш, беимон ва нокас мешиносанд. Муҳиддин Кабири аз вақте, ки аъзои собиқ Ҳизби назҳати ислом айни замон ТЭТ ХНИ шуданаш ба халқу ватани худ хиёнат карданро низ сар кард. Кабирӣ муддати якчанд сол аст, ки мардуми Тоҷикистонро осуда зиндаги кардан намегузорад ва аз хориҷа истода бо фармони хоҷагони хориҷиаш обурӯю нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳони паст кардани мешавад. Аммо ин ба обрӯи давлати мо заррае ҳам бошад таъсири бади худро надорад.
Ӯ бо аъзоёни ташкилоти террористии наҳзат солҳои 90-уми асри гузашта як маротиба халқи тоҷикро бо ҳам ҷанг андохта Тоҷикистони азизи моро ба хоку хун оғушта карда буданд. Маротибаи дуюм Кабири ва ҳамаслаконаш моҳи сентябри 2015 кушиш карданд, ки Тоҷикистони гул- гул шикуфта истодаро ба хоку хун оғушта кунанд, аммо халқи бошарафи тоҷик ингуна ашхоси нокасу палидро ба хуби шинохтаанд ва дигар ба доми фиреби онҳо намеафтанд.
Муҳиддин Кабири ва сӯҳбати ногувору пуч, кундандешиву хоиниаш, ҳаракати дахолат ба сиёсати дохилии Тоҷикистонро баён сохта аз нияту афкори бешууронааш даст накашидааст, ки дар солҳои охир ба саҳнаи сиёсат баромадҳои бемаънӣ месозад. Бояд, қайд намуд, ки Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлолу демократӣ ва соҳибфарҳангу соҳибтамаддун аст. Дар ҳама ҳолат дар ватанамон озодии сухан, виҷдон, интихобот, шароиту имконоти иқтисодиву тиҷоратӣ, барои тамоми шаҳрвандон баробар аст.
Аҳли кафедраи андоз ва андозбанди ДДҲБСТ