Сангам заду чубам зад!
Боиси таассуф аст, ки дар сомонаҳои интернетӣ аз ҷониби як зумра рўзноманигорони ҷавон, ки «шаҳди» солҳои ҷанги шаҳрвандиро начашидаанд, мақолаҳоеро ба нашр мерасонанд, ки онҳо фаъолияти роҳбарони ин ё он сохторҳои ҳокимияти давлатиро зери интиқоди шадид қарор медиҳанд.
Аз ҷумлаи чунин мақолот метавон ба мақолаи рўзноманигори ҷавон Халили Қаюмзод, ки дар сомонаи фейсбук ишора намуд, ки дар он фаъолияти Раиси муваффақи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мавриди баррасӣ ва панду андарзхонӣ карор дода шудааст.
Дар ин мақола дастовардҳои чандин солаи охири шаҳри Душанбе, аз қабили сохтмони марказҳои гармидиҳӣ, сохтмони даҳҳо корхонаҳои саноатӣ ва мумфарш гардидани тамоми кўчаҳои шаҳр нодида гирифта шудааст.
Аз ин рў, ба ин рузноманигори ҷавон зарур аст, ки агар сокини сазовори шаҳри Душанбе бошад, пеш аз хама нисбати шаҳр ва сокинони он хушбин бошад ва дигар ҳарзапардозӣ нанамояд.
Ин макола маколи халкии «сангам заду чубам зад пасмонда кулухам зад»-ро ба хотир меорад.
Изҳороти Ҳамидова М.М. – сармуаллимаи
кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДҲБСТ