Вокуниши саривақтӣ нисбати “Ислоҳ.нет”

“Ислоҳ.нет”, ки аз зумраи сомонаҳои тарафдор ва тарғибгари ақидаҳои ифротии Паймони ба ном миллӣ мебошад. Дар сомонаи мазкур хабару гузоришҳои бардурӯғи масъули сомона Муҳаммадиқболи Садриддин дарҷ мегардад. Ба воситаи сомонаи худ ин гуруҳи ифротӣ мехоҳанд шуури мардуро вайрон созанд. Лек ҳеҷгоҳ ба мақсад намерасанд.

Мо, устодони донишгоҳ ҷонибдори сиёсати дохилӣ ва берунии Ҳукумати Тоҷикистон буда, иқдомҳои некӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳаматарафа дастгирӣ менамоем. Мехоҳем, ки дар Тоҷикистон, кишвари азизамон доимо сулҳу ваҳдат бошад. Барои пешрафти илми тоҷик, тайёр намудани мутахассисони ҷавону эҷодкор фазои софу эҷодкорӣ бошад. Вале, намояндагони Паймони милли Тоҷикистон бо баромадҳои худ сулҳу ваҳдати тоҷиконро халалдор карданианд. Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода – раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд нисбати фаъолияти ба ном диниву ҷамъиятии Муҳаммадиқболи Садриддин ҷавоби сазовор доданд. Дар вокуниши Ҳоҷӣ домулло бори дигар исбот гардид, ки гуруҳҳои ифротӣ аз номи дин ва мардум баромад мекунанд. Гуноҳи ҳамаро мекобанд вале аз гуноҳи худ бехабаранд.

Мо нағз дарк менамоем, ки аксари гурўҳҳои ифротӣ аъмоли нангини худро таҳти ниқоби Ислом содир мекунанд. Ҳоло он, ки дини Ислом аслан ва моҳияти зидди ифротгароиву хушунат ва қатлу куштор буда, баръакс одамонро  ба сулҳ ба инсондўстӣ, эҳтироми якдигар ва корҳои нек ҳидоят менамояд.

Бинобар ҳамин, мо кўшиш менамоем, ки донишҷўён ва мутахассисони ояндаро дар руҳияи ватандўстӣ, инсондўстӣ, меҳнатдўстӣ, эҳтироми якдигар ва ба ҷо овардани корҳои неку хайр омода намоем.

Изҳороти устодони кафедраи фанҳои

риёзӣ-табиатшиносии муосири ДДҲБСТ

You might also like