Изҳороти кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ оиди муноқишаи марзӣ миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон
Чуноне, ки ҳамагон тавассути расонаҳои хабарӣ огоҳ гаштем рӯзи 8-уми май дар сарҳадаи байни Қирғизистон ва Тоҷикистон дар Исфара муноқиша ва задухӯрд ба амал омад. Даҳшатовар он аст, ки дар муноқиша силоҳои оташфишон истифода шуданд. Ин чи даҳшатест, ки дар ин давру замон. Мардуми ҷаҳон аз вабои аср каронавирус мемиранду лек мардуми ҳамсояи мо бошад меҷангад.
Охир ин аз рӯи одобу одамирарӣ нест. Бар замми ин дар ин рӯзҳои мубораки Рамазон. Магар шарм намедоред мардуми қирғиз? Агар ба таърих рӯй оварем аён мегардад, ки чандин урфу одат анъана, маъракаҳои миллӣ, таомпазӣ,либоспӯшӣ, зироаткории мо ба ҳам наздик аст. Пас чаро мо имрӯз ҳамаи инро сарфи назар мекунему меҷангем. Бигузор мардуми кӯҳистон кишту кор кунад. Ризқу рӯзии худро ёбаду фарзандонаш ва хонаводаашро обод намояд.
То кай мекунад давом ин корҳои бесомон, охир мо мардуми ба ору номуси тоҷик таи қарнҳо аст, ки бо рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек маъмули оламиён гаштаем. Мардуми қирғиз чӣ ҳуқуқ дорад, шаъну шарафи мардуми тоҷикро паст мезанад ва гапу каловчаҳои беасосро паҳн макунад. Ҳукумати Тоҷикистон нотавон нест!Мо мардуми ба ору номус ҳастем ва як қатра ҳам ҳаққи касро намегирем. Зеро ҳаққи кас ҳаром асту насиб намекунад. Инро ҳатто кӯдаки хурдсол ҳам медонад. Пас чаро мо инсонҳои ба камолрасида соҳиби ақлу заковат нисбати худ ин гуна амалҳои беинсофонаро раво мебинем. Барои ин корҳоро ҳаллу фасл намудан мо мақомотҳои дахлдор дорем ва бигузор онҳо ин масъаларо бо роҳи сулҳҷӯёна ва барои ҳарду кишвар муфид ҳаллу фасл намоянд, то ки мо мардуми дӯсту ҳамсоя дар фазои орому осоишта умр ба сар барем.
Аҳли устодони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ ДДҲБСТ