Паймони миллӣ ҷавононро маҷбур месозад то ифротгаро шаванд!
Дар шароити ҳозира Паймони миллӣ ҳамчун ташкилоти ифротӣ ва иртиҷоӣ боз барои халалдор намудани осмони софу беғубори ватани азизамон бо ҳаргуна дуруғгўиҳои беасос кўшиш намуда истодааст. Аз рўи суханрониҳои Муҳидин Кабирӣ дар суҳбати онлайниаш дар шабакаи иҷтимоӣ маълум гардид, ки гўё мақомотҳои кишвари мо ҷавононро маҷбур месозад, ки онҳо ифротгар шаванд. Ҳол он, ки ҳамаи мақомотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва алалхусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамарўза кўшиш карда истодаанд, ки ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгар шомил нашванд. Зеро, ки ин гуна ташкилотҳои террористиву экстремистӣ мақсади нопокдошта тинҷиву оромиро намехоҳанд. Баръакс маҳз мавҷудияти ташкилотҳои ифротӣ ба мисоли Паймони миллӣ омили асосии ифротишавии ҷавонон мегардад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханрониҳои хуб таъкид менамоянд, ки ҷавонон ояндаи давлату миллатанд ва онҳо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода бар зиддӣ ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ мубориза намоянд.
Худи ҷавонон ҳоло аз мақсаду мароми нопокӣ наҳзатиёт хабардор ҳастанд ва онҳо намехоҳанд ин хоинони миллат ба ҳадафи нопоки худ расанд. Дар ниҳоди назҳатиён пастию разилӣ ва душманию хоинӣ аз азал кишт шуда то абад идома меёбад. Аз ин рў, чи имрўз ва чӣ дар оянда разилон амалҳои нопоки хешро созмон медиҳанд. Агар рафту анҷом надиҳанд, маълум аст, ки ба ҳолатҳои ноҷўр гирифтор мешаванд. Ҳар амали бадахлоқонаю бадандешонае, ки дар қалб мепарваранд болои ин кишвари соҳибистиқлол таҳмил медиҳанд. Онҳо дар шабакаҳои иттилоотӣ давлату ҳукумат ва ҳамаи пешравиҳое, ки дар ватанамон шуда истодааст ночиз дониста бо ҳар роҳу восита барангезандаи иғвоянд. Таърих шоҳид аст, ки дар ягон маврид мардум ба сифатҳои назҳатиён ва пайравонаш бовар намекунанд. Бо вуҷуди оне, ки тамоми асрори ҷинояткорию хиёнаткориҳои наҳзатиён ба пуррагӣ ифшо гардида бошад, ҳам ҳанӯз бешармонаю беномусона пайи ба гумроҳа бурдани ҷавононро бо ҳаргуна суханҳои беасос ва дуруғгўиҳо кўшиш намуда истодаанд. Бидуни муболиға разилон аз рўи кор омадани ин амалҳои хоинона ва душманона бар зидди миллату меҳан хеле шоду масрур буда, ба ҳар ҳоли ногувори давлат ва парешонию озурдахотирии мардуми шарафманди ватанамонро табли шодӣ мезананд. Ба хотири боз ҳам идома додан ва ташаккули чунин амалҳои қотилонаю ҷангҷўёна дар ҳудуди кишвар, онҳо ҳамеша ҳолати баръаксро инъикос менамоянд.
Мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷавонони банангу номуси кишвар ҳамарўза бо дастгириву ғамхориҳои бевоситаи Ҳукумати мамлакат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кўшиш ба харҷ дода барои ободии ватани азизамон ва пешравии он саҳми назарраси худро гузошта истодаанд ва ҳеҷ ягон мақомотҳои кишвар ҷавононро маҷбур намесозад, ки он ифротгар шаванд.
Имрўзҳо наҳзатиёни гумроҳу хоини ватан пас аз ҳамчун ташкилоти террористӣ – экстремистӣ эътироф гардидани ҳизби наҳзати ислом ва паймонаш боз ҳам даст ба амалҳои нангин зада, барои ба ҳадаф расидан ва иҷрои нақшавуниятҳои нопоки худ ва шайтонгариҳо аз номи дини мубини Ислом сўистифода намуда истодаанд. Инро бояд ҳар фарди худогоҳу хештаншинос дарк намуда, дар амри мубориза бо чунин шайтонсифатон саҳмгузорӣ намоянд. Хоини миллати тоҷик Муҳиддин Кабирӣ ва пайравони гумроҳаш ниқоби ислом бар рӯй кашида дар ба дари созмонҳои бонуфуз гадоӣ мекунад.
Натиҷаи раҳнамоиҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мо ба чунин дараҷаи тараққиёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва ободӣ расидем.
Тўли зиёда аз бисту нуҳ соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварамон рушд ёфта, симояшро ба куллӣ дигар намуд. Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтем. Садҳо корхонаю муассисаҳои истеҳсолӣ бунёд гардиданд. Пулу нақбҳо ва роҳҳои ҳамвор чор тарафи ватанамонро ба ҳам пайвастанд. Рўзгори мардум рў ба беҳбудӣ овард, ки ин ҳама шаҳодати соҳибназарӣ, ақли гиро ва заковати худододаи ўст.
Пас, нест бод ин гуна шайтонгариҳои наҳзатиён ва сардори онон хоини миллати тоҷик Муҳидин Кабирӣ!
Бобоҷонов Д.Р. – ассистенти
кафедраи молия ва қарзи ДДҲБСТ