Чашми алои сарҳадшикано кӯр бод!

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ сулҳу амният ва эҳтироми арзишҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар ҷои аввал мегузорад. Аммо ба ин ҳама эҳтироми мо давлати ҳамсояи қирғиз ранги пешин амали сарҳадшикании худро идома медиҳад.

Чӣ хеле, ки Маркази матбуотии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ оид ба муноқишаи сарҳадӣ, ки бегоҳии санаи 8 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Исфара, деҳаи ба номи Ибод Файзуллоев, ҷамоати Чоркӯҳ, сокинони Ҷумҳурии Қирғизистон бе иҷозаи мақомоти маҳаллӣ дар масоҳати чаҳор гектар ба кишти зироат машғул шудаанд.

Бо ҳадафи пешгирӣ намудан аз корҳои ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳонида шуд, ки минтақаи мазкур замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки кишти зироат аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон манъ аст.

Мутаассифона, зиёда аз 80 нафар сокинони маҳаллаи Куктоши ҷамоати Оксойи ноҳияи Бодканд огоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нодида гирифта, ба муноқишаи мазкур ҷал карда шуда, амали нораво, яъне ба сокинони ҷамоати Чоркӯҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон санг партофтанд ва инчунин аз силоҳ низ истифода кардаанд.

Хуб мешуд, агар ин амалҳои сокинони ноҳияи Бодканд аз тарафи хизматчиёни постгоҳи сарҳадии “Коктош”-и отряди сарҳадии “Ботканд” ва кормандони ШВКД-ии Ҷумҳурии Қирғизистон боздошт шуда, байни шаҳрвандонашон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузарониданд. Аммо хеле тааҷҷубовар аст, ки ба ҷои ором намудани шаҳрвандонашон, амалҳои онҳоро дуруст ҳисобида, ба мардуми осоиштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тир холӣ намудаанд.

Маҷбуран дар ҷавоб, бо мақсади муҳофизат намудани ҷони худ ва мардуми осоишта сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тирпарронӣ намудаанд, ки ба ҷони ду нафар шаҳрвандони тоҷик ҷароҳатҳои вазнин бардошта, бистарӣ гардонида шудаанд, ки хеле нигаронкунанда аст.

Мо, ҷомеаи Тоҷикистон боварии комил дорем, ки ин ҳама нофаҳмиву муноқишаҳои байнисарҳадӣ барҳам дода шуда, байни давлатҳои дӯсту бародар-Тоҷикистону Қирғизистон сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиву эҳтиром ҳукмфармо мешавад.

Изҳороти Муртазоқулов М. – н.и.и., дотсенти

кафедраи технологияҳои иттилоотию

коммуникатсионӣ ва барномарезии ДДҲБСТ

You might also like