Изҳороти кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ оиди фаъолияти Салимпур

Чуноне аз шабакаҳои интернетӣ бармеояд Мирзо Салимпур роҳбари сомонаи иттилоотии “Ахбор.ком”-и, ки як шахси бадхоҳи халқу миллат бо навиштаҳои беасосу бардурӯғу ғайбатноки худ нисбат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳолати кишвар мехоҳад оромӣ ва сулҳу суботи кишварро ноором сохта, мардумро ба доми фиреби худ кашад.

Аз он иғвоҳое, ки ӯ паҳн менамояд саволе ба миён меояд, ки ин Мирзо Салимпул худ кист ва барои чи ин қадар нафрату бадбинӣ нисбати халқу кишвараш дорад? Ӯ дар хориҷ истода аз куҷо вазъи кишварро медонад? Мушоҳидаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки ӯ саги хоҷагони хориҷии худ гардидааст ва барои паҳну тарғиби  ҳар як сару садоҳои бардурӯғу беасосаш нисбати сиёсати давлати мо маблағ мегирад. Хориҷиён аз ин гуна шахсони гумроҳшуда моҳирона истифода мебаранд. Яке аз чунин роҳгумзадагон Мирзо Салимпур ё мулаққаб бо номи Салимпул аст, ки ба пулҳои хоҷаи хориҷии худ фирефташудааст. Сомонаи “Ахбор. ком” аз замони ба фаъолият оғоз намуданашто кунун маҳз бо нашр намудани хабарҳои бардурӯғ машғул аст. Он танҳо барои танқиди давлат ва фаъолияти сарвари кишвар равона гардида, аз пашша фил сохтанист.

Аҳли устодони кафедраи иқтисодиёти

корхонаҳо ва соҳибкорӣ ДДҲБСТ

You might also like