Чораҳои пешгирии сироятёбии коронавирус!
Айни ҳол дар тамоми давлатҳои ҷаҳон яке аз муаммои аср ин паҳн гардидани сирояти коронавирус «Covid -19» мебошад. Ин вабои аср дар ҳақиқат яке аз сирояти муаммовӣ бошад ҳам дар ҳолати риоя кардани чораҳои пешгирӣ метавонем онро аз байн барорем.
Тибқи расонаҳои интернетӣ аз тарафи раиси ПМТ, ки фаъолияти ин ташкилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, гӯё ҳолат дар Тоҷикистоон вазнин бошаду оид ба пешгирии сирояти коронавирус давлат чораҳо заруриро дида нашуда истода бошад.
Лекин, ин гуфтаҳо асос надорад, чунки дар тамоми ташкилотҳо оид ба сирояти коронавирус чораҳои пешгирӣ ба роҳ монда шуда ва барои аз сирояти коронавирус муҳофизат кардани кўдакону толиони муассисаҳои миёнаи касбӣ ба мўҳлати 15 рўз буд, аммо баҳри пешгирии он то 15 август карантин эълон карда шудааст. Дар ин давра дар ин муассисаҳо чораҳои зиддисироятӣ дар сатҳи баланд гузошта шуда синфхонаҳою майдончаҳои варзишӣ пурра бо маҳлулҳои зиддисироятӣ куоркард карда шуда истодааст.
Дар баробари ин низ ҳамарўза куҷаҳои шаҳрҳо аҳолии зичдошта хиёбону кўчаҳо ва биноҳо бо маҳлули безаракунӣ коркард карда шуда истодааст.
Мо шаҳрвандон агар чунин чораҳои зиддикоронавирусро дар сатҳи баланд ва бомасъулят иҷро намоем аз чунин вабо халоси хоҳем ёфт!
Орипов А. – н.и.и., дотсенти
кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ