Дар зери ниқоби дин мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ насозед!

Дар марҳилаи навини таърихи башарӣ рушд ёфтани фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ ва террористии байналмилалӣ боиси таассуф ва нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.

Ин таҳаввулоти номатлуби замон боиси халалдор кардани истиқлолияти давлатҳои алоҳида гардида, ҳаёти осоиштаи мардуми сайёраро зери хавфу хатар монда, ҳазорҳо тифлони бегуноҳ, пирони барнодил ва ҷавонони равшанфикр ба коми ин “заҳҳок”- и аср фурӯ рафта истодаанд.

Терроризм аз амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён оварда, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.

Дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир барои кишвари мо муҳим аст, ки бо ширкати тамоми қишрҳои ҷомеа консепсияи мукаммали мафкуравии худиро ташаккул диҳем, зеро набудани идеалҳо ва ҳадафҳо дар зиндагӣ бахусус ба ташаккули шахсияти ҷавонон таъсири ниҳоят манфӣ дорад. Барои ин табақа мавҷуд будани идеалҳои мушаххас ва ҳадафҳои равшан ба хотири рушди ҳирфавӣ ва шаҳрвандии шахсият ва умуман ҳаёт арзишҳои бунёдӣ мебошанд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки аксар ҷавонони бо гуноҳи ифротгароӣ маҳкумшуда бо сабаби дониши пасти динию дунявӣ, надоштани машғулият ва ҷойи кор гумроҳ шудаву ба доми афрод ва гурӯҳҳои ситезаҷӯ афтодаанд.

Сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони муосир, ки худ нооромиҳои сиёсиро аз сар гузаронидааст, қадру манзалати махсус дорад. Ин неъмати бебаҳо бо туфайли меҳнати чандинсолаи давлату Ҳукумати кишвар зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ва гиромӣ доштани он аз вазифаҳои муқаддаси ҳар фарди ҷомеа ба шумор меравад.

Бинобар ин, моро зарур аст, ки пеши роҳи ифротгароиро гирем ва ба домангустарии ин гуна равияҳо роҳ надиҳем. Ҷавононро бояд дар рӯҳияи ватандӯстию инсонпарварӣ тарбия намоем, то онҳо сазовори давру замон бошанд.

Латипов С. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ

You might also like