Тадбирҳо Тоҷикистон оид ба несту нобуд кардани коронавирус
Имрўзҳо фоҷиаи коронавирус, яъне COVID-19 ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш андохтааст ва ин вабои аср зиёда аз 190 давлатҳои дунёро зери сирояти худ тасарруф намудааст.
Мутаасифона дар Тоҷикистони биҳиштосои мо ин вирус ба қайд гирифта шудааст. Вале душманону хоинони кишварамон, ба мисли Муҳиддин Кабирӣ, ки сафедро сиёҳу сиёҳро сафед нишон доданӣ мешаванд, ба ҷои дастгирии нафарони беморшуда, баръакс гапҳои подарҳаво мезананд.
Ба маълумоти оғои Муҳиддин Кабирӣ расониданием, ки фаро гирифта шудан бо карантин дар мактабу боғчаҳои кишварамон ин фақат омили пешгирии паҳншавии вирус дар Тоҷикистон мебошаду халос. Аз 30-юми апрел то 16 август соли равон дар ҳама мактабу боғчаҳо таътили тобистона фаро гирифта шуданд. Хадамотҳои махсус корҳои ҳаматарафаи безараргардониро анҷом медиҳанд. Ёдовар мешавем, ки имрӯз, тибқи маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон беш аз 350 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Бо вуҷуди ин, дар ҷумҳурӣ чораҳои пешгирикунанда оид ба пешгирии паҳншавии сироят фаъолона амалӣ шуда истодаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар кишварҳо дар самти мубориза бо коронавирус фаъолона ҳамкорӣ мекунад ва як қатор чораҳои пешгирикунандаро амалӣ намуда истодаанд. Роҳбари намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар ҷумҳурӣ, Галина Перфилева зимни сӯҳбат бо хабарнигорон таъкид кардааст, лабораторияҳое, ки озмоишҳои коронавирусро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташхис медиҳанд, донишу малакаи мутахассисони он ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқат мекунад. “Ин мутахассисон дар хориҷа аз курсҳои махсуси таълимӣ мегузаранд ва ҳар як имтиҳони онҳо аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра аз назар гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, то 16 апрели соли равон дар ин лаборатория 2317 санҷиш гузаронида шуд, ки аз он 440 тоаш такрорӣ мебошанд”, қайд намуд Г.Перфилева.
Дар моҳҳои январ – марти соли равон дар Тоҷикистон 5023 ҳолати пневмония ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳамин давраи соли 2019 бошад 5192 ҳолат ба қайд гирифта буданд – чунин омор дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар посух ба дархости ҳомиёни ҳуқуқи инсон ҷиҳати фаҳмонидани вазъи кишвар аз пандемияи коронавирус оварда шудааст. Ин далели он аст, ки ҳамаи ин бемориҳои роҳи нафаси имсола аз соли гузашта нисбатан камтар шудаанд. Нисбати бемории шоирон Фарзонаву Озарахш гуфтанием, чихеле, ки худи шоира Фарзона гуфта гузашт, ў бемор нест ва танҳо ба Озарахши бемор (бемории роҳи нафас) нигоҳубин менамояд. Хушбахтона рӯзи гузашта тариқи ТВ Суғд намоиш доданд, ки чӣ гуна Озарахшу Фарзона сиҳату саломат ба хонаҳояшон ҷавоб дода шудаанд.
Оиди озод кардани зиндониён қайд карданием, ки дар ягон давлатҳои ҷаҳон чунин таҷриба ба чашм намерасад, ҳатто давлатҳое, ки ҳазорон ҳазор сироятёфтагон мавҷуданд, зиндониёнро озод карданӣ нестанд.
Дар охир ба оғои Муҳиддин Кабирӣ муроҷиат намуда, гуфтанием, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамаи чорабиниҳоро нисбати пешгирии паҳншавии ин вирусро дар кишвар дида истодаанд. Маслиҳати Шумо барои миллати мо шарт нест!
Қаҳорова М.А. – ассистенти
кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ