Ҳукумати Тоҷикистон барои муқобила бо бӯҳрони коронавирус омодааст!
Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ), як эътилофи феълан дар Тоҷикистон мамнӯи нирӯҳои оппозитсияи тоҷик, ба ҳукумат ҷиҳати пешгирӣ аз асароти манфии буҳрони иқтисодӣ ва аз таҳдиди коронавирус бастаи чораҳои фавриеро иборат аз 10 пешниҳод ироа кард, ки ин пешниҳодҳо ба ҳақиқат мутобиқ нестанд.
Якум пешниҳоди онҳо ин ба таври ҳамагонӣ ва бепул ба кишвар овардани ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷ мондаанд ва нияти бозгашт ба ватан доранд, мебошад. Доир ба ин пешниҳод чунин посух медиҳем, ки Тоҷикистон имрӯз чораҳои заруриро андешида истодааст барои аз давлати хориҷа ба ватан бозгаштани шаҳрвандони Тоҷикистон. Барои амалӣ намудани он Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Вазорати корҳои хориҷии давлатҳои хориҷӣ дар гуфтушунид қарор дорад.
Дуюм, дар биноҳои васеътар ва муносиб бо шароити беҳтар ҷой кардани ҳама касоне, ки карантин фаро гирифта мешаванд. Албатта ин пешниҳод ҳам бо мақсади таъмин намудани ҳифзи саломатии шахсон дар ҷойҳои махсус бо шароитҳои ба бехатарии саломатӣ ҷавобгӯ аз ҷониби мақомотҳои дахлдор амалӣ гардида истодааст. Тоҷикистон оиди ин масъала чораҳои заруриро гузаронида истодааст. Дар Тоҷикистон доир ба пешгирии коронавирус гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.
Сеюм, қатъи тамоми навъи ҷамъомадҳо, ҷашнвораҳо, маросимҳои серодам. Доир ба ин пешниҳод чунин гуфтанием, ки ҳоло дар Тоҷикистон коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, бинобар он, зарурияти қатъи тамоми навъи ҷамъомадҳо, ҷашнвораҳо, маросимҳои серодам, аз ҷумла маршировкаҳо ҷой надорад. Мо бояд нияти хуб дошта бошем, ки ин беморӣ ба Тоҷикистон таҳдид накунад. Вақте ки таҳдиди коронавирус дар Тоҷикистон амалӣ шавад, онгоҳ ин гуна маҳдудиятҳо мувофиқи мақсад мешуд.
Чорум, озод намудани ҳама маҳбусони болои синни 60 аз зиндонҳо, новобаста аз мӯҳлати ҷазо, таркиби ҷиноят ва омилҳои дигар. Мо бо ин пешниҳод розӣ нестем, вақте ки онҳоро озод менамоем, онгоҳ мумкин аст онҳо ислоҳ нагардида боз ҷиноят содир намуда, тартиботи ҷамъиятиро ноустувор созанд. Бояд қайд кард, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни авф қабул гардида, 121 561 нафар дастгиршудагон, судшудагон ва маҳкумшудагон авф гардиданд, ки ҳамаи ин аз ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати халқ ва амалӣ намудани принсипи инсондӯстӣ шаҳодат медиҳад.
Панҷум, боло бурдани суръати интернет ба хотири ҳарчӣ зудтар омода кардани шароит барои низоми интернетии таълим, коргузорӣ ва мудирият дар кишвар аст. Пешниҳоди мазкур ҳоҷати муҳокима нест, зеро суръати интернет боло аст ва аз он истифода шуда истодааст.
Шашум, роҳандозии низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ва фурӯшгоҳҳои интернетӣ, ки дар сурати зарурат мардум битавонанд, ашёи мавриди ниёзи худро аз манзил ва фосилаи дур супориш бидиҳанд. Ин системаи пуливу молӣ айни ҳол мавриди амал қарор дорад. Аз ҷумла маоши аксари кормандони муассисаҳо новобаста аз шакли моликият тариқи ғайринақдӣ амалӣ мешавад ва ҳангоми харидорӣ аз мағозаҳо метавонед тариқи кортҳои бонкӣ маблағ супорида бошед.
Ҳафтум, барҳам додани низоми пулакии роҳи Душанбе – Чанок. Мо бо ин пешниҳод розӣ нестем. Барои чӣ Паймони миллии Тоҷикистон ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ дахолат мекунанд. Тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ дар чорчӯбаи қонунҳои амалкунандаи кишвар амалӣ мешаванд.
Ҳаштум, эълони мораторияи санҷиши корхонаҳо, ширкатҳо ва соҳибкорон давоми солҳои 2020-21. Барҳам додани имтиёзҳои молиявӣ ва андозӣ ба ширкатҳои монополистӣ ва додани ин имтиёзҳо ба соҳибкории хурду миёна, ки маҳсулоти ниёзи аввали мардумро истеҳсол мекунанд. Бо ин пешниҳод низ мо розӣ нестем.
Нуҳум боло бурдани маоши кормандони сохаи тиб, санитарӣ ва соҳаҳое, ки кормандонашон дар сафи аввали мубориза бо ин буҳрон фаъолият мекунанд. Бояд қайд кард, ки ҳама сола бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон музди меҳнати кормандони соҳаи буҷет, аз ҷумла соҳаи тиб баланд карда мешавад. Аз ҷумла аз моҳи сентябри соли ҷорӣ маоши кормандони соҳаи уҷетӣ, махсусан омӯзгорону табибон то 15% боло бурда мешавад.
Даҳум, баргардонидани маблағҳои офшорӣ ба кишвар ва ворид намудани онҳо ба буҷаи давлат барои амалӣ кардани тарҳҳои миллӣ ва нигаҳдоштани низоми иқтисодии кишвар аз муфлисшавӣ. Доири ин масъала Тоҷикистон имконият дорад оид ба пешгирии низоми иқтисодии кишвар аз муфлисшавӣ ва зарурияти мавриди баҳс қарор доштан ҷой надорад.
Бояд қайд намуд, ки Паймони миллии Тоҷикистон нибати миллати тоҷик ғамхор нестанд, балки мехоҳанд, ки аҳолии кишварро бо намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба мухолифат андозанд. Мо халқи тоҷик танҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон ва намояндагони мақомоти давлатӣ боварӣ дорем ва онҳоро дастгирӣ менамоем. Паймони миллии Тоҷикистон хоини кишвар буд ва мемонад.
Каримова М.М. – сармуаллимаи кафедраи
ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика
ва пешгирии коррупсия