Коронавирус ба давлати мо таъсир нахоҳад кард!

Бо дарназардошти хуруҷи коронавируси COVID-19 афзоиш ёфтани шумораи фавтидагон ва гирифторони бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии мардумии Чин имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабару овозаҳои  зиёд нашр гардида истодаанд, ки гӯё ин беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба қайд гирифта шуда, ҳамзамон, боиси марг ва дар беморхона бистарӣ гардидани чанд нафар гардидааст. Пас аз нашри чунин хабарҳо шаҳрвандони зиёди мамлакат ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, бо изҳори нигаронӣ пурсон шуданд, ки оё  воқеан коронавирус дар мамлакат ба қайд гирифта шудааст, ё не!? Чунин ба назар мерасад, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос гурӯҳ ва  баъзе афроди алоҳида аз нашри иттилои бардурӯғ вобаста ба паҳншавии бемории коронавирус дар Тоҷикистон манфиатдор буда, бо ин восита мехоҳанд  мардумро  тарсонанд, ё  ба ин восита манфиатҳои ғаразноки хешро ба даст оваранд.

Вазорат дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбута айни замон барои ошкор ва пешгирии бемории сирояти коронавирус тамоми тадбирҳои заруриро андешида, хушбахтона,  то кунун ягон ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба он дар кишвар ба қайд гирифта нашудааст.

Яке аз гурўҳҳои ғаразноке, ки ҳамин рӯҳияи дағал, беадабона, ғайриисломии ва пурра шикасташудаи мухолифони давлату миллатро нишон медиҳад, ин Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ),  мебошад. Ин гурўҳ аз тарафи Анҷумани  озодандешони тоҷик ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупоро дар мегирад, ки таҳти роҳбарии ПМТ-ро Муҳиддин Кабирӣ  ба дўш гирифтааст.  Дар ҳафтаҳои охир як тағйироти ҷиддӣ дар фазои иттилоотӣ дар масъалаи баҳс байни намояндагони ватандӯстон ва мухолифони ватан рӯй дод, ки баъзе тарафҳои ин масъаларо маълум кард. ПМТ дар изҳороте, ки рӯзи 27 апрел нашр кард, мегӯяд, Тоҷикистон ба далели вобастагиаш аз омилҳои беруна аз буҳронӣ  аз таҳдиди коронавирус метавонад зарари беҳтар бубинад. Ин созмон аз ҷумла аз ҷои кор маҳрум шудани садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик ва ба маҳзи ин аз як сарчашмаи асосии интиқоли маблағҳо ба иқтисодаш маҳрум шудани Тоҷикистонро яке аз паёмадҳои буҳрони дар ҳоли авҷи коронавирус ном бурдааст. Маҷмӯи рафтору гуфтори онҳо дигар ба ягон дин, эътиқод ё арзиш дуруст намеояд. Зеро рафтори онҳоро акнун на қувваи ақлу мантиқ, балки эҳсоси нафрату бадбинӣ нисбати давлату миллат, нафрат нисбати ҳар шаҳрванди озоди Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад. Ҳатто М.Кабирии «дипломат», ки бисёр кӯшиш мекард дар назди дурбинҳо худашро сохтакорона «ором» нишон диҳад, акнун дигар қудрати онро надоштааст. Дар бораи дигаронаш ҳоҷати гап нест. Умуман, эҳсоси шикастхӯрдагӣ ва ноумедии пурра онҳоро бисёр хашин, бешарм  ва бераҳм кардааст.

Роҳбари давлат дар ҳама вохӯриҳояшон бо фаъолони соҳаҳои қишри ҷомеа таъкид менамоянд, ки вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки дар ҳама баромаду вохӯриҳои худ ҷавонон ва насли наврасро дар баробари риоя намудани ахлоқу одоби ҳамидаи инсонӣ, барои азхуд кардани касбу ҳунар, омӯхтани илму дониш, забонҳои хориҷӣ, ба ободу зебо кардани кишвар ва баланд намудани ҳисси ватандӯстию арҷгузорӣ ба мероси бои ниёгон ҳидоят намоем.

Аммо мо боварии комил дорем, ки ҳар як сокини Тоҷикистон, аз гузаштаи пурифтихори миллати ободгару созандаи худ сабақи мардонагӣ гирифтаанд ва ба ҳама он “гуфтаю баромадҳо” – и иғвоангезонаи хоинону ватанфурӯшон фирефта намегарданд ва сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, пайравони ҳақиқии ватандӯст будани худро дар хизмати содиқона ва боз ҳам ободу зебо гардонидани Тоҷикистони соҳибистиқлол исбот менамоянд.

Изҳороти Осимова З.О.коргузори кафедраи

 ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ 

You might also like