Радиои озодӣ – бо эҳсосоти мардум бозӣ накунед!
Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки Радиои Озодӣ аз таҳти карантин гирифта шудани 11 корманди беморхонаи ин ноҳия пас аз фавти марди 60-сола хабар дод. Мақомоти тандурустии вилояти Суғд дар як нишасти хабарӣ бо коронавирус рабт доштани ин рӯйдодҳоро рад карданд, вале гуфтанд, 13 нафар – кормандони тиб ва хешу наздикони бархе аз афрод дар беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд таҳти карантин гирифта шудаанд.
Онҳо гуфтанд, санҷиши луоби ин афрод мaвҷудияти коронавирусро рад кардааст. Аммо ин мақомот нашри варақаи натиҷаҳои озмоишро салоҳияти Вазорати тандурустии Тоҷикистон номиданд. Вазорат иттилоъ дод, ки марги сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов ба коронавирус рабт надорад, аммо тасдиқ намуд, ки табибони ин беморхонаро бо таби баланд ба карантин фиристоданд ва вазъи онҳо хуб аст.
Бибихонум Дарвешзода, сухангӯи Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 6-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки сокини 60-солаи ноҳияи Ҷаббор Расулов қабл аз марг аз ташхиси коронавирус гузашта буд ва нишонҳои ин вирус дар ӯ тасдиқ нашуд. Бо ин ки вазорати тандурустӣ марги ин сокини ноҳияи Ҷаббор Расуловро аз коронавирус рад мекунад, аммо ҳамзамон тасдиқ мекунад, ки табибони беморхонаи ноҳияро, ки ин мард зери муоинаи онҳо қарор дошт, ба карантин фиристонад.
Сухангӯи вазорат аз ҷумла тасдиқ кард, ки Алишер Абдукаримов, муовини сардухтур табъи баланд дошт ва бинобар ҳамин ба карантин фаро гирифта шуд. Дарвешзода вазъи саломатии муовини сардухтурро “на ба он сатҳ бад”, гуфт. Ҳамроҳи ӯ гурӯҳи табибони беморхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов низ ба карантин фиристода шудаанд.
Маъруфон Ҳоҷибоев, муовини сардори раёсати тандурустии вилояти Суғд дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Хуҷанд гуфт: “Дар онҳо илтиҳоби болои роҳи шуш ошкор гардида, 2 нафар ҳарорат доштанд, ки ҳоло паст шудааст. Дар ҳоли ҳозир дар вилояти Суғд ягон нафар гирифтори коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.”
Хабари даргузашти як мард дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва карантин кардани табибони беморхона сару садоҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва миёни сокинон ба миён овард. Бархе мақомотро ба пинҳонкорӣ муттаҳам карданд. Аз ҷумла ин, ки то куҷо дар минтақаҳои Тоҷикистон тести коронавирус дастрас шудааст, ки мақомот марди фавтида дар Ҷаббор Расуловро аз ташхис гузарониданд.
Дарвешзода ҳамчунин дар иртибот ба фиристодани табибон ба карантин гуфт, ки чунин таҷриба аст, ки пизишконе, ки ба муолиҷаи афроди дар карантинбуда машғуланд, барои ду ҳафта зери муоина қарор мегиранд. Ба гуфтаи Мирҳомуддин Камолзода, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, ташхиси ин марди 60-сола дар озмоишгоҳи коронавирусӣ дар Душанбе анҷом ёфт. Ӯ гуфт, пас аз он сурат гирифт, ки ин мард бо доштани ҳарорати баланду сурфа ба беморхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов муроҷиат кард.
Ба таъкиди Камолзода, тибқи дастурҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ташхиси коронавирус танҳо аз афроде, ки аз кишварҳои гирифтор ба ин вирус баргаштаанд, онҳое, ки бо беморони КОВИД-19 дар тамос будаанд ва низ аз афроде, ки дар озмоишгоҳҳои коронавирусологӣ кор мекунанд, гирифта мешавад.
Тибқи иттилои сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Мақсудзода Фаррух, ходисаи фавти бемор – шаҳрванди ноҳияи Љаббор Расулов аз бемории илтиҳоби шадиди шушҳо, ки дар байни аҳоли ҳамчун сабаби фавт аз коронавирус овоза гаштааст, тасдиқи худро наёфтааст.
Далели он таҳлили гирифташуда аз бемор ба сирояти коронавирус мебошад, ки дар ташхисгоҳи махсуси шаҳри Душанбе гузаронида шуда, он натиљаи манфӣ додааст.
Ҳоло вазъияти санитарию эпидемиологӣ дар миқёси вилоят ором буда, ҳамзамон аз хамаи шаҳрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки ба ҳар гуна овозаҳо бовар накарда, ба эҳсосот дода нашаванд, зеро ҳамаи он корхое, ки шуда истодаанд, танҳо ба хотири пешгирӣ аз бемории коронавирус мебошад.
Латипов С.У. – ассистенти кафедраи
ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ