Пешгирии бемории коронавирус кафолати таъмини саломатии шаҳрвандон
Имрӯзҳо мардуми Тоҷикистон дар баробари дигар миллату халқҳои олам аз вазъи ногувори баамаломада – пандемияи сирояти коронавирус дар изтиробанд.
Албатта, табиист, ки мо ҷузъе аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳастем ва ин изтиробу нигарониҳои мо беҳуда нестанд.Мутаассифона, баъзе шахсон ва гурӯҳҳои махсус, ҳатто баъзе аз хабарнигорон ва расонаҳои хабарӣ аз ин ҳолати ба вуқӯъомада истифода намуда, бо хабару мақолаҳои ҳангомаҷӯёна манфиатҳои худро роҳандозӣ менамоянд.
Яке муштарӣ ҷамъ менамояд, дигаре барои худ обрӯ месозад, сеюмӣ онро барои худ манбаи даромад медонад. Коронавирус беморӣ аст, муқобили он бо саъю талош, яъне бо риояи чораҳои пешгирӣ, риояи гигиенаи шахсӣ, ҷамъиятӣ, парҳез аз ҷойҳои серодам, баланд бардоштани масъунияти бадан бояд мубориза бурд. Пешгирии ин беморӣ аз талошу кӯшиши ҳар шаҳрванди мамлакат ва он нафаре, ки вориди кишвари мо мегардад, вобаста аст. Вазорати тандурустӣ дар ҳамкорӣ бо ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон барои ошкор ва пешгирии бемории сирояти коронавирус тамоми тадбирҳои заруриро андешида, хушбахтона, то кунун ягон ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба он дар кишвар ба қайд гирифта нашудааст.
Бо назардошти афзоиш ёфтани шумораи фавтидагон ва гирифторони бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии мардумии Чин имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабару овозаҳои зиёд нашр гардида истодаанд, ки гӯё ин беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба қайд гирифта шуда, ҳамзамон, боиси марг ва дар беморхона бистарӣ гардидани чанд нафар гардидааст. Дар робита ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинони мамлакат мерасонад, ки то кунун дар кишвар бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Имрӯз бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, таблиғи гигиенаи шахсӣ, умуман, таблиғи чораҳои пешгирӣ нисбати сирояти коронавирус танҳо кори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зерсохторҳои он ва Маркази матбуоти вазорат набуда, балки ҳама, новобаста аз ташкилоту муассиса, вазифа ва касб дастҷамъона, муттаҳидона ва бо сабру таҳаммул ва муҳимтар аз ҳама, бо риояи чораҳои пешгирии ин беморӣ саҳми назарраси худро бояд гузорем!
Абдуллоева М.К. – сармуаллимаи кафедраи ҳуқуқи
судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ