Чорабиниҳои тарбиявӣ оид ба пешгирӣ аз коронавирус дар ДДҲБСТ

Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус, ки имрӯзҳо боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст, дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон тадбирҳои саривақтиву зарурӣ ва чораҳои пешгирикунанда андешида шудааст. Дар баробари истифодаву захираҳои маҳлулҳои безараргардониву ниқобҳо дар ҳама факултету кафедраҳои донишгоҳ бо мутахассисон мулоқоту вохӯриҳои судманд доир гардида истодаанд.

Дирӯз дар кафедраи фанҳои риёзӣ ва  табиатшиносии муосир чорабинии тарбиявии факултетӣ доир гардид. Зимни чорабинии тарбиявӣ, баромадкунандагон  бо такя ба дастуру тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустии мамлакат дар мавриди роҳҳои пешгирӣ аз ин беморӣ изҳори назар карданд. Иброз шуд, эътибори ҷиддӣ ба гигиенаи шахсӣ, тозаву озода намудани муҳит ва риояи ҳатмии тавсияҳои вазорати тандурустӣ роҳи самарабахши пешгирӣ аз ин пандемия мебошад.

Ҳамчунин дар доираи кафедраи менеҷменти  факултети бизнес ва идоракунӣ чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони “Пешгирии беморӣ пеш аз табобати он”  доир гардид. Маърӯзачиён дар мавриди роҳҳои самарабахши пешгирӣ аз бемории коронавирус маърӯзаҳо ироа намуданд. Зимни барпгузории чорабиниҳо мутахассисони соҳаи тиб  маслиҳатҳои муфид доданд.

Баргузории ин қабил мулоқоту чорабиниҳои тарбиявӣ имконият медиҳад, ки донишҷӯён аз ин пандемия огоҳ гардида дар роҳи пешгириаш соҳибмаълумот ва саҳмгузор бошанд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like