Баста шудани сомонаҳои ифротӣ дар Тоҷикистон айни муддаост

Тибқи ҳолномаи Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 2020 сомонаҳои интернетии www.akhbor.com ва www.nahzat.ru, ки ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистии «Ҳизби Наҳзати Ислом», «Паймони миллии Тоҷикистон» ва дигар ташкилотҳои экстремистиву террористӣ хизмат мекунанд, баста шуда, воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рўзномаю адабиёт ва варақаҳои онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Дар ҳақиқат вақтҳои охир аз тарафи роҳбарон ва аъзоёни ташкилотҳои террористӣ-экстремистии «Ҳизби наҳзати ислом», «Паймони миллии Тоҷикистон», ки фаъолияти онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон манъ карда шудааст аз амалҳои бадкирдорона ва бардурўғ аксарияти мардуми ҷаҳониёнро нисбати Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми он ба дигар намуд инръикос намудаанд, ки айни ҳол тамоман дигар аст. Аз ҳама мушҳитовар ин бештари ҷавоноро гумроҳ намуда ба дигар кишварҳои хориҷа даъват намудав ба гурўҳҳои террористию экстримистӣ шомил намуданд, ки беному нишон гардидаанд ё дар маҳбас мебошанд.

Бинобар ин баста шудани сомонаҳои ифротӣ дар ҳудуди Тоҷикистон айни муддао буда, барои корҳои пешгирӣ оид ба шомил нашудани ҷавонон ба гурўҳҳои экстремистию террористӣ мебошад.

Ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдориро баён менамоям, ки амали некро ба амал овардаанд.

Орипов А.А. – н.и.и., дотсент, декани

 факултети баҳисобгирӣ ва андози ДДҲБСТ

You might also like