Короновируси «Радиои озодӣ»
Дар арсаи ҷаҳон вабои нави сирояткунанда паҳн гашт, ки онро дар Ўзбекистон кароновируси фарансавӣ, дар Қирғизистон короновируси арабӣ ном гузаштанд. Хушбахтона, дар Тоҷикистон то ҳол ягон намуда ин вирус расман ба кайд гирифта нашудааст, вале ба хотири хабари бардурўғи сомонаи «Радиои озодӣ» онро метавон короновируси «Радиои озодӣ» гуфтан ҷоиз аст.
Мувофиқи маълумоти муовини сардори раёсати тандурустии вилояти Суғд Маъруф Ҳоҷибоев, ба сомонаи «Азия Плюс» маълумот дода, тамоми овозаҳои бардурӯғе, ки байни мардум паҳн шуда буд пурра рад намуд. Оид фавти марди 61 соларо пневманияи дутарафа ташхис карда, табобат карданд, вале вазъи саломатиаш вазнин гашта бемор вафот кард. Давоми солҳо чӣ қадар инсонҳо аз чунин намуди касали азият мекашанд ва вафот мекунанд, «Радиои озодӣ» аҳамият намедиҳад, ҳоло ки мардуми тоҷик аз коронавирус дар ташвиш мебошад. ба ҷои тасалло додану умед ба рӯзҳои хуб бастан бо овозаҳои дурӯғ ташвиши ононро дучанд менамоянд.
Имрӯз табибони мо барои эмин нигоҳ доштани халқ аз чунин бемори 11 табиб ва парасторе, ки ин беморро муолиҷа мекарданд, рўзи 5-уми апрел ба беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд бистарӣ карданд, то ҳол саломатии ин 11 нафар хуб, агар шахси фавтида ба бемории коронавирус гирифтор мебуд, шахсоне, ки бо ӯ наздик буданд барои чӣ саломатанд.
Дар вилоят барои пешгирии паҳншавии вируси сирояткунанда дар шаҳр, ноҳияҳо тайёрӣ ва ташвиқот рафта истодааст. Метавон гуфт, ки дар айни замон танҳо короновируси «Радиои озодӣ» паҳн гашта, дар қалби сокинон нафрати беандоз пайдо кардааст.
Қодирова М. – ассисенти кафедраи
фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ