ДДҲБСТ: Баргузории конференсияи вилоятӣ
Асри ХХI замони пешрафти бесобиқаи илм ва техникаву технологияи навин ба ҳисоб меравад. Бо мақсади истифодаи самараноки технологияи муосир дар раванди таълиму тарбия, густариши тафаккури техникии ҷавонон, ба роҳ мондани таҳқиқотҳои бунёдӣ дар ин самт дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмию амалии вилоятӣ доир гардид. Ҳамоиш “Системаҳои иттилоотӣ: муаммаҳо ва дурнамои рушд” унвон дошта, бо ташаббуси кафедраҳои технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезӣ баргузор карда шуд. Дар кори конференсия як зумра олимону донишмандон ва устодон аз донишкадаву донишгоҳҳои касбии олии вилоят иштирок намуданд.
Конференсия бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Тӯрақул Ризоқулов ифтитоҳ гардида, мавсуф афзуд, ки рӯ овардан ба илмҳои техникиву иттилоотӣ талаботи замон буда, баргузории ин қабил конференсияҳҳо имконият медиҳад, ки корҳои илмиву таҳқиқотӣ дар ин самт бештар гардад.
Дар идомаи конференсия баромадкунандагон дар мавзӯҳои “Системаҳои иттилоотӣ дар микросерверҳо”, “Муаммоҳои таълими фанни математика ва ташаккули салоҳиятнокии донишҷӯён дар шароити муосир” маърӯзаҳо ироа намуданд.
Конференсияи вилоятии “Системаҳҳои иттилоотӣ: муаммаҳо ва дурнамои рушд” дар бахшҳои алоҳида идома кард
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа











