Омилҳои рушд ва бартарафсозии мушкилот дар самти қонунгузорӣ
Бо ибтикори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи давлатии “Душанбе Плаза ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони “Раванди қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва мушкилиҳо” доир гардид.
Дар кориконференсияи ҷумҳуриявӣ мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, дотсент Самадов Бахтиёр Одилҷонович иштирок ва суханронӣ намуд. Иштирокчии ҳамоиш Б.Самадов баргузории чунин конференсия дар сатҳи ҷумҳуриро дар роҳи ислоҳоти ҳуқуқии мусоидаткунанда ба рушди низоми нави ҳуқуқӣ, омилҳои рушд ва бартарафсозии мушкилот дар ин самт муҳим арзёбӣ намуд. Баргузории чунин ҳамоишҳо дар рушди минбаъдаи илми ҳуқуқшиносӣ ва тавсеаи раванди қонунгузории кишвар мусоидат хоҳад намуд. – зикр дошт мавсуф зимни баромади хеш.
Дар ҳамоиши мазкур олимону мутахассисони соҳавӣ перомуни дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ дар раванди қонунгузорӣ ҳарф зада, муваффақиятҳои самти мазкурро аз қабули чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳо доир ба раванди қонунгузорӣ ҳисобиданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

